Гавҳар Тоҷибоева
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 10 май 1940 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 24 феврал 2025 (84 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, бозигари синамо |
Гавҳар Тоҷибоева (10 май 1940, Хуҷанд — 24 феврал 2025, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гавҳар Тоҷибоева дар хонаводаи ҳунармандон Тоҳир Тоҷибоев ва Башорат Тоҷибоева ба дунё омадааст[1]. Ӯ дар муҳити ҳунарӣ ба воя расида, аз хурдӣ ба театр ва синамо таваҷҷуҳ дошт. Вай дар наврасӣ барои иҷрои нақши аввалини худ ба театр даъват шуд. Таҳсилро дар Техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, баъдан вориди омӯзишгоҳи санъат гардид. Аз соли 1961 дар Театри Камоли Хуҷандӣ фаъолият мекунад.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гавҳар Тоҷибоева соҳиби се фарзанд, 8 набера ва 11 абера мебошад[1]. Шавҳараш ӯро дар театр дида, меписандад ва бо ҳам оила барпо мекунанд.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гавҳар Тоҷибоева дар зиёда аз сад нақш дар театр ва синамо ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, вай дар филмҳои маъруфи «Рустам ва Суҳроб», «Арӯси шаҳрӣ», «Модар нигарон буд», «Ҳеч будагон», «Бачаи обӣ» ва «Ишқи маҳтобӣ» нақш офаридааст.
Яке аз нақшҳои барҷастаи ӯ дар филми «Рустам ва Суҳроб» буд, ки дар он нақши Парвина, персонаже, ки бо Гурдофарид меҷангад, офаридааст. Монологи ӯ дар ин филм «Турониён боз сар бардоштаанд, чун мӯру малах меоянд» барои тамошобинон дар хотирмон боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 М. Давлатова. Гавҳар Тоҷибоева: 55 сол аст, ки мошин меронам. Pressa.tj (7 июли 2023). 24 феврали 2025 санҷида шуд.