Гадамер, Ҳанс-Георг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гадамер, Ҳанс-Георг
олмонӣ: Hans-Georg Gadamer
Hans-Georg Gadamer.jpg
Таърихи таваллуд: 11 феврал 1900(1900-02-11)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 март 2002(2002-03-13)[1][4][2][…] (102 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: фалсафа, зебоишиносӣ, ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва забон
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d][6] (1922)
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Paul Natorp[d][7], Nicolai Hartmann[d][7], Martin Heidegger[d][7] ва Paul Friedländer[d][7]
Ҷоизаҳо:
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳанс-Георг Га́дамер[8] (олмонӣ: Hans-Georg Gadamer; 11 феврали 1900, Марбург — 13 марти 2002, Ҳейделберг) — файласуфи олмонӣ, шогирди М. Ҳейдеггер, яке аз намояндагони фалсафаи герменевтика.

Кору фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессори фалсафа дар Лейпсиг (1939), ректори Донишгоҳи Лейпсиг (1946-47), профессори фалсафа дар Ҳейделберг (аз соли 1949).

Фалсафа[вироиш | вироиши манбаъ]

Герменевтика барои ӯ пеш аз ҳама амалия буда, ҳангоми таҳқиқи матн ҳамчун фаъолият зоҳир мегардад ва берун аз фаъолият хусусияти худро гум мекунад. Бо вуҷуди ин фалсафаи герменевтӣ ба таҳия ва коркарди методологияи дарки матн маҳдуд нашуда, чун фалсафаи мудракот машҳур гардидааст. Идрок барои Ҳанс-Георг Гадамер тарзи мавҷудияти шахси мудрикест, ки тавассути фаъолияти худ ин ё он матнро муайян менамояд. Дар асари «Ҳақиқат ва метод» (1960) ба таълимоти Дилтей, Гуссерл ва Ҳейдеггер такя намуда, андешаи герменевтикаро нафақат ҳамчун усули илмҳои гуманитарӣ, балки чун ҳастишиноси (онтология)-и махсус инкишоф додааст. Ба ақидаи ӯ, герменевтика бояд бештар ба маҳсули шарҳи матнҳо диққат диҳад. Ҳанс-Георг Гадамер бо мақсади бартараф намудани яктарафагии маърифати илмӣ ба мероси ғании Арасту ва Кант бештар муроҷиат кардааст. Инчунин Ҳанс-Георг Гадамер ба фалсафаи Афлотун мароқ зоҳир намудааст, зеро он хусусияти муҳовара (диалогӣ) дошт. Ӯ фалсафаи афлотуниро барои танқиди монологизми диалектикаи Ҳегел моҳирона истифода кардааст. Аз ҳамин лиҳоз Ҳанс-Георг Гадамер «субъективизм»-и нававрупоиро дар мисоли трансендентализми неокантчигӣ ва феноменология танқид ва бо Ҳегел баҳс кардааст. Ҳанс-Георг Гадамер муаллифи чандин асари бунёдӣ дар соҳаи таърихи фалсафа, забоншиносӣ ва фалсафаи таърих аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Gadamer-tablica.JPG
  • Wahrheit und Methode (1960)
  • Kleine Schriften (Philosophical Hermeneutics) (1967)
  • Dialogue and Dialectic (1980)
  • Vernunft im Zeitalter der Wissenschaft (1976)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Discogs (ингл.) — 2000.
  4. Journal for General Philosophy of Science (ингл.)Springer Publishing, Springer. — ISSN 0925-4560; 1572-8587; 0044-2216
  5. 5.0 5.1 Туринская академия наук — 1757.
  6. German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118537032 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  8. Гадамер Ханс Георг — статья из Большой Российской энциклопедии

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Плотников Н. Человек-традиция. Памяти Гадамера// Отечественные записки. 2003, № 1;
  • Лоханова Н. И. Проблема понимания и интерпретации в герменевтике Ҳанс-Георг Гадамер Ҳанс-Георг Гадамер Гадамера и культурно-исторической теории языка Л. С. Выготского: Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата философских наук. М., 2003;
  • Шестакова М. А. Функции здравого смысла в герменевтике Гадамера // Вестник Московского ун-та. Серия 7. Философия. 1999, № 4.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]