Jump to content

Гази идеалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гази идеалӣ
Омӯхта мешавад дар термодинамика
Тааллуқ дорад ба Викилоиҳаи WikiProject Mathematics[d]
Муқобили Гази ҳақиқӣ

Гази ормонӣ, ё гази идеалӣ — модели назариявии газ, газест, ки дар он зарраҳо ё квазизарраҳо (фотонҳо, фононҳо, экситонҳо ва ғайра) таъсири мутақобила надоранд ё онро ба ҳисоб нагирифтан ҳам мумкин аст.

Барои гази идеалӣ энергияи таъсири мутақобилаи зарраҳо ба сифр баробар аст, вале тахмин шавад, ки зарраҳо метавонанд ба ҳам бархӯранд ва ҳангоми бархӯрдан дар онҳо мубодилаи энергияву импулс ба амал меояд. Модели гази идеалӣ, ки онро соли 1847 физики англис Ҷ. Ҳерапат пешниҳод карда буд, ба назарияи молекулавию кинетикӣ асос гузошт. Газҳои реалӣ (воқеӣ)-и ниҳоят тунукро ҳам аз рӯйи модели гази идеалӣ шарҳ додан мумкин аст, зеро онҳо дар шароити муътадил (дар ҳарорати 293 К ва фишори 106 Па) ба қонуни гази идеалӣ тобеанд. Дар шароити муътадил ҳолати гази идеалӣ-ро бо муодилаи Клапейрон шарҳ медиҳанд, ки аз он қонунҳои асосии газҳо — қонуни Авогадро, қонуни Бойл-Мариотт, қонунҳои Гей-Люссак, қонунҳои Далтон, қонуни Ҷоул, қонуни Паскал, қонуни Шарл бармеоянд. Энергияи дохилии гази идеалӣ-и классикӣ фақат ба ҳарорат вобаста аст. Хосиятҳои квантии зарраҳои газ дар ҳарорати паст ё зичии зиёд бештар зоҳир мегарданд, яъне, ҳангоми ба масофаи байни зарраҳо баробар будани дарозии мавҷи зарраҳо (мавҷҳои де Бройл) газ хосияти квантӣ пайдо мекунад. Агар адади зарраҳои гази идеалӣ доимӣ намонда, ба ҳарорат вобаста бошад, гази идеалӣ дар ҳар гуна ҳарорат квантӣ боқӣ мемонад. Ба чунин гази идеалӣ гази фотонҳо мисол шуда метавонад, ки ба афканишоти электромагнитии мувозинатӣ монанд аст. Гази идеалӣ эталонест, ки монандӣ ё дараҷаи ихтилофот бо он хосияти моддаҳои воқеиро бармало нишон медиҳад.