Моддаи табоҳида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гази табоҳида)

Моддаи табоҳида (форсӣ: ماده تباهیده‎), гази «харобгардида», гази масхшудагази идеалии бозе-зарраҳо ё ферми-зарраҳо, ки хосияташ аз хосияти гази идеалӣ фарқ дорад.

Газ дар ҳарорати хеле паст (ба истилоҳ ҳароратҳои «харобгардӣ») ва зичии муайян, ҳангоми муқоисашаванда гардидани дарозии миёнаи мавҷи дебройлевии зарра ва масофаи миёнаи (ё аз он зиёди) байни зарраҳо «хароб» мегардад. Масалан, электронҳо дар филиззот, ҳомилони мутаҳаррики барқа (электронҳо ва ҷавфҳо) дар нимноқилҳо, ферми-газҳои «харобгардида», газҳои протонҳо ва экситонҳо дар панҷараи кристаллӣ, ҳелий дар ҳолати фавқуссайёлӣ бозе-газҳои «харобгардида» мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]