Гайнуддинов, Салоҳ Шоҳибович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гайнуддинов, Салоҳ Шоҳибович

Гайнуддинов Салоҳ Шоҳибович (25.10.1893, Оренбург — 19.11.1967, Душанбе) — яке аз фаъолони муборизаи раванди мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Аз соли 1938 узви ҲКИШ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи коргар, забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қазоқиро медонист. Солҳои 1906-14 дар корхонаҳои Оренбург кор кардааст. Соли 1914 дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок намуд, солҳои 1915-18 дар Олмон асир буд. Солҳои Ҷанги гражданӣ ва интервенсия (1918-20) дар сафи Артиши Сурх хидмат кард. Аз соли 1922 дар Тоҷикистон аввал фармондеҳи дастаҳои 3-5-ум ва баъдан ротаи қисми ҳарбии Бухорои Шарқӣ буда, дар озод намудани Бухорои Шарқӣ, торумор кардани дастаҳои низомии Анварпошо, Салим, Иброҳимбек ширкат дошт. Минбаъд дар вазифаҳои роҳбари шуъбаи мудофиаи Қаратоғ (1923-24), шуъбаи молияи ноҳияи Ғарм (1924-25), ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҳавзаи Ғарм (1925-26), ҷонишини раиси идораи Ҷамъияти матлуботи Ғарм (1926-31), котиби масъул, ҷонишини Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ғарм (1931-32) кор карда, солҳои 1932-46 дар хидмати қӯшунҳои сарҳаддӣ буд. Г. аз соли 1947 роҳбари шуъбаи архиви раёсати ВКД-и вилояти Сталинобод таъйин шуда, то охири ҳаёташ дар Архиви давлатии ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ кор кард. Бо орденҳои Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро, Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гайнуддинов Салоҳ Шоҳибович / С. Ҳусайнов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.