Галилео (фазопаймо)
Таърихи таъсис | 1 октябр 1977[1][2] |
---|---|
Funder | НАСА |
Номида ба шарафи | Галилео Галилей |
Кишвар | |
Арзиш | 1 460 000 000 $[3] |
Оператор | Jet Propulsion Laboratory[d][4][5] ва Ames Research Center[d][4][5] |
Вебгоҳи расмӣ | solarsystem.nasa.gov/…(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Галилео» (англ. Galileo) — ковишгари фазоии НАСА, барои таҳқиқи сайёраи Муштарӣ, ҳалқаҳо ва радифҳои он.
Дастгоҳ аз он сабаб «Галилео» номгузорӣ шудааст, ки маҳз Галилео Галилей соли 1610 чор радифи Муштариро кашф карда буд.
«Галилео» октябри 1989 ба кайҳон бароварда шуда, декабри 1995 ба мадори Муштарӣ расид. Он аз назди астероидҳои Гаспра ва Ида гузашта, онҳоро аксбардорӣ кард ва тасвири сатҳи радифҳои галилейии Муштариро ба Замин фиристод. Моҳи июли 1995 аз «Галилео» зонд ҷудо шуда, 7 декабри ҳамон сол ба атмосфераи сайёра ворид гашт. Он баъди 57 дақиқаи ба умқи атмосфера расидан, дар бораи таркиби кимиёию ҳолатҳои физикии моддаҳои сайёра ба Замин маълумот фиристод. Дар назар буд, ки «Галилео» баъди ба мадори Муштарӣ расиданаш дар давоми 2 сол 11 радифи онро таҳқиқ мекунад, вале «Галилео» 8 сол дар мадори Муштарӣ парвоз карда, 35 бор дар атрофи он давр зад ва шумораи бештари радифҳои сайёраро омӯхт. Дастгоҳ бештар аз 30 гигабайт иттилооъ, аз ҷумла 14 ҳазор акси сайёра ва радифҳои онро ба Замин фиристодааст. 21 сентябри 2003 баъди 14 соли парвоз «Галилео» бо суръати 50 км/с ба атмосфераи Муштарӣ ворид гардида, дар қабатҳои болоии он сӯхта нобуд шуд. Соли 1990 «Галилео» сайёраи Зуҳраро таҳқиқ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://web.archive.org/web/20090402225720/http://www2.jpl.nasa.gov/galileo/news/thiswk/today030921.html
- ↑ https://history.nasa.gov/sp4231.pdf — С. 13.
- ↑ https://www.jpl.nasa.gov/news/press_kits/gllarpk.pdf
- ↑ 4.0 4.1 https://www.jpl.nasa.gov/news/press_kits/gllarpk.pdf — С. 3.
- ↑ 5.0 5.1 http://astro.if.ufrgs.br/solar/galfs.htm
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Галилео / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.