Гамбусаки анбор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гамбусаки анбор
Sitophilus.granarius.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Sitophilus granarius (Linnaeus, 1758)

Гамбусаки анбор (лот. Calandra granaria), гамбусаки ғалладона — ҳашараи зараррасонест аз оилаи гамбусакҳои нӯлдароз.

Тавсифоти умумӣ[вироиш]

Дарозиаш 2,2-4,7 мм, рангаш ҷигарии тира; кирминааш 3-4 мм, рангаш сафед, сараш ҷигариранг. Гамбусаки модина соле то 5 бор афзоиш карда, даруни дон то 300 тухм мегузорад. Гамбусаки анбор дар тамоми дунё паҳн шудааст. Яке аз ҳашароти хавфноки зараррасони ғалладона мебошад. Гамбусаки анбор ҳатто ба мисриёни қадим маълум буд. Дар деворнигораҳои Мисри Қадим дар байни дигар ҳайвоноту рустаниҳо гамбусаки анбор низ тасвир ёфтааст. Гамбусаки анбор парвоз намекунад, вале ба тавассути киштиҳои ғаллакаш аз як қитъа ба қитъаи дигар интиқол меёбад.

Зараррасонӣ[вироиш]

Ба ғалладона, орд ва маҳсулоти хамирӣ (макарон) зарар меорад. Модинаи гамбусаки анбор дар мағзи ҳар дони гандум як ва дар мағзи ҳар дони ҷуворӣ ду адад тухм гузошта, сӯрохи онро бо орд маҳкам мекунад. Дар натиҷа дон ба назар солим менамояд. Ошкор кардани дони солим аз носолим душвор нест (дони солим зери об шуда, донҳои иллатӣ рӯйи об мебароянд). Бо мақсади маҳв сохтани гамбусаки анбор аз моддаҳои кимиёӣ, масалан, офаткушҳо истифода мекунанд. Хушконидани ғалла ва дар анборҳои салқину хунук нигоҳ доштани он зарари гамбусаки анборро пешгирӣ менамояд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]