Гамбусаки колорадоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гамбусаки колорадоӣ
Leptinotarsa fg01.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Leptinotarsa decemlineata (Say, 1824)

Синонимҳо
  • Doryphora decemlineata Say, 1824
  • Chrysomela decemlineata (Say, 1824)
Ареал

тасвир

Гамбусаки колорадоӣ (лот. Leptinotarsa decemlineata) — ҳашараест аз оилаи баргхӯракҳо. Бештар ба картошка, помидор, боимҷон, қаранфул, тамоку зарар мерасонад.

Ном[вироиш]

Номи гамбусак аз номи иёлати Колорадои ИМА баромадааст, ҳарчанд ки ватани он мавзеи Сенори қисми шимолу шарқии Мексика аст. Соли 1859 гамбусаки колорадоӣ тамоми картошказорҳои иёлати Колорадоро нобуд кард. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои қатъии мубориза бо гамбусаки колорадоӣ он дар Амрикои Шимолӣ паҳн гашт ва солҳои 1867–77 тавассути киштиҳои боркаши Уқёнуси Атлантика ба Аврупо роҳ ёфт. Гамбусаки колорадоӣ пасон дар қитъаи Осиё пайдо шуд. Ҳоло он дар тамоми мавзеъҳои картошкакори дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ дучор меояд.

Тавсифоти умумӣ[вироиш]

Гамбусаки колорадоӣ тани байзашакл (дарозиаш 8–12 мм) дорад. Рангаш зард, болаш гулобӣ; дар тахтапушташ холҳои сиёҳ мавҷуданд. Тухми гамбусаки колорадоӣ дарозрӯя буда, кирминааш аввал сурхи сиёҳтоб, баъдан зардча ё сурхтоб мешавад; дарозиаш то 15 мм, дар паҳлуи бандҳо (ғайр аз банди якум) ду холи сиёҳ дорад. Гамбусаки колорадоӣ дар иқлими гуногун инкишоф меёбад. Гамбусакҳо зимистонро дар зери хок (дар умқи 20–50 см) гузаронида, баҳору тобистон баргу гули картошка ва дигар зироатро мехӯранд. Гамбусаки модина дар як рӯз то 80 (дар тӯли тобистон то 1000) адад тухм мегузорад. Вобаста ба ҳарорат кирминаҳо баъди 5–17 рӯз аз тухм мебароянд. Гамбусаки колорадоӣ соле 4 бор насл меоварад. Кирминаҳои насли якум ҷойҳои нарми барг ва кирминаҳои насли дуюм тамоми баргро хӯрда, нобуд мекунанд. Ба картошка хусусан кирминаҳои насли чаҳорум зарари бештар мерасонанд. Барои комилан инкишоф ёфтани як насли гамбусаки колорадоӣ (аз пайдоиши тухм то рӯйи хок баромадани гамбусакҳо) 36°С гармӣ лозим аст. Гамбусаки колорадоӣ, одатан, як сол умр мебинад, вале баъзан муддати бештар зиндагӣ кардани онҳо низ ба назар мерасад. Яке аз хусусиятҳои асосии гамбусаки колорадоӣ қобили диапауза (давраи оромии ҳайвонот, ки мубодилаи моддаҳо суст мешавад) будани он аст. Дар ин маврид гамбусак беғизо монад ҳам, 2–3 сол маҳв намешавад. Дар водиҳои Зарафшон, Ҳисор ва Рашт тӯли аз хок берун омадани гамбусаки колорадоӣ 40–51 рӯз аст. Модинаҳои гамбусаки колорадоӣ, ки зимистонро паси сар кардаанд, тӯли 93–95 рӯз тухм мегузоранд. Рушди комили гамбусаки колорадоӣ аз тухм то ҳашараи калон (имаго) 38–44 (инкишофи ҷанинӣ 15–17) рӯзро дар бар мегирад. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум гашт, ки давраи мусоидтарин барои инкишофи гамбусаки колорадоӣ дар водиҳои ҷумҳурӣ моҳи май мебошад.

Пешгирии густариш[вироиш]

Густариши гамбусаки колорадоиро бо роҳи карантин, пошидани моддаҳои заҳрнок ва фумигатсия пешгирӣ мекунанд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон барои маҳв кардани гамбусаки колорадоӣ истифодаи пиретроидҳои синтезӣ, детис, сумпалфа, фюри, фастак, конфидор, каратэ, нурелл Д ва битоксибитсиллин натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Таҷрибаҳо собит намуданд, ки баъди истифодаи детсис (0,15 л/га), нурелл Д (0,1 л/га) ва фюри (0,3 л/га) пас аз 15 шаборӯз 99 дарсади гамбусакҳо нобуд гаштанд. Ба картошказор ду бор пошидани моддаҳои мазкур насли гамбусаки колорадоиро 5–6 баробар кам кард.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Колорадский картофельный жук. М., 1981;
  • Миндер И. Ф. Экология колорадского жука//Колорадский картофельный жук. М., 1981;
  • Ушатинская Р. С. Размножение и индивидуальное развитие колорадского жука//Колорадский картофельный жук. М., 1986;
  • Кахаров К. Х. Колорадский жук и меры борьбы с ними в условиях Таджикистана. Д., 2007;
  • Кахаров К. Х. Резистентность колорадского жука к инсектицидам в Таджикистане//Защита и карантин растений, № 5. 2008.

Сарчашма[вироиш]