Гамлин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гамлин — навъи афлесун. Дарахташ қадпаст (3-3,5 м), сербарг.

Баргаш сабзи рӯшан. Мевааш лунда (вазнаш 150 г), норанҷӣ ё сурхи норанҷӣ. Пӯсташ хушбӯй, аз мағз нағз ҷудо мешавад. Мағзаш сершира, аз 10-13 пора иборат аст (4-5 тухм дорад). Дар шароити иқлими Тоҷикистон мевааш охири ноябр — аввали декабр мепазад. Як бех дарахташ то 650 адад самар меоварад. Меваашро нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]