Гамма-астрономия
Гамма-астрономия — соҳаи нисбатан нави астрономия, ки γ - нури (ГН) манбаъҳои астрономиро меомӯзад.
Дарозии мавчи электромагнитии ГН нисбат ба рентген кӯтоҳтар (камтар аз 10-10 м) буда, энергияи калонтаринро доро аст. ГН-ҳо дар баландии 30 – 50 км-и қабати атмосферии Замин пароканиш меёбад ва фурӯ бурда мешавад, то сатҳи Замин дар баландкӯҳҳо қисми ками баландэнергияи онро ба қайд гирифтан мумкин аст. Манбаъи ГН-ҳо хурӯҷи Офтоб, боқимандаи ситораҳои фавқулнав, ситораҳои каратии рентгенӣ, пулсарҳо, галактикаҳои фаъол, квазарҳо ва вартаи сиёҳ шуда метавонанд. ГН-ҳои фавқулбаландро ҳангоми хурӯҷи Офтоб ба қайд гирифтан мумкин аст. Ба воситаи Гамма-телескопҳои "SAS-2", "СOS-B" даҳҳо манбаъҳои ГН-ҳои баландэнергия (> 100 Мэв) дар атрофи экватори Галактика ба қайд гирифта шудааст. Муваффақиятҳои калонро дар ин соҳа Гамма-расадхонаи «Комптон»-и NASA (1991) ба даст овардааст.
Нигаред[вироиш]
- Гамма-лаппиш
- Астрономияи рентгенӣ
- Астрофизика
Адабиёт[вироиш]
- Гамма-астрономия / О. Ф. Прилуцкий // Физика иктишофи: Little энсиклопедияи / Редкол.: Р. А. Сюняев (Гл. қб.) ва ѓ. — 2-е изд. — М. : Советская энсиклопедияи, 1986. — С. 203-206. — 70 000 экз.Гамма-астрономия / О. Ф. Прилуцкий // Физика космоса: Маленькая энциклопедия / Редкол.: Р. А. Сюняев (Гл. ред.) и др. — 2-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1986. — С. 203—206. — 70,000 экз.
Эзоҳ[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |