Jump to content

Гамма-глобулин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гамма-глобулин — унсури сафедаи зардоби хун.

Барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ба кор бурда мешавад. Доруҳои ғамма-глобулинро иммуноглобулинҳо низ меноманд. Гамма-глобулин подтанҳои муҳофиз дошта, таъсири бемориовари микроорганизмҳоро рафъ месозанд. Гамма-глобулин вирус, бактерия, спирохетҳо ва содатаринҳоро маҳв карда, барои пешгирию табобати бемориҳои сироятӣ (хусусан амрози кӯдакон) шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳангоми ба хун фиристодани Гамма-глобулин дар организм масуният (иммунитет)-и нофаъол ба вуҷуд меояд. Маъмулан, ғамма-глобулинро аз хуни одаме, ки гирифтори беморӣ буд, ҳамчунин аз хуни аспе, ки ба ҷисми он ваксинаҳои махсус гузаронда шудаанд, таҳия месозанд. Гамма-глобулин баъди ҳафтаи дуюми моягузаронӣ (ваксинатсия) ё беморӣ ҳосил мегардад. Гамма-глобулинро ба бемор зудтар (дар ду рӯзи аввали оғози беморӣ) тазриқ намудан лозим аст. Гамма-глобулин давомоти табу тафсро кӯтоҳ, дардро сабук ва оризаҳои бемориро кам мекунад. Онро бар зидди грипп, сурхакон, ханозир, энсифалити канагӣ, ҳепатити вирусӣ, ҳасба, нағзак, исҳоли хунин, махмалак, сурфакабудак, сӯхтан ва ғ. истифода мебаранд.