Гарави моли дар муомилотбуда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарави моли дар муомилотбуда — шакли иҷрои уҳдадориҳои тиҷоратӣ-молиявӣ.

Моли дар муомилотбуда ва ба гарав гузошташуда, моле ба ҳисоб меравад, ки дар ихтиёри гаравдеҳ боқӣ монда, ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ки таркиб ва шакли табиии моли ба гарав гузошташуда (захираҳои мол, ашё, мавод, маҳсулоти нимтайёр, тайёр ва ғайра)-ро тағйир диҳад, ба шарте, ки арзиши умумии онҳо аз арзиши дар шартнома муайянгардидаи моли ба гарав гузошташуда, камтар набошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]