Гарданаи Панама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гарданаи Панама (испанӣ: Istmo de Panamá) — минтақаи нисбатан камбари қисми ҷанубу шарқии Амрикои Марказӣ, ки Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад.

Дар давраи плиотсен, қариб 3 млн сол пеш пайдо шудааст. Бари камтарини он 48 км. Дар байни кӯҳҳои Кордилйера-де-Верагуа дар ғарб ва Колдийера-де-Сан-Блас дар шарқ воқеъ аст. Ҳудуди давлати Панама мебошад. Релефи қисмати бештари Гарданаи Панама ҳамвории теппадор буда, аз ҷинсҳои вулканӣ ташаккул ёфтааст. Нишебиҳои ҷониби баҳри Карибро бешаҳои тропикии ҳамешасабз пӯшондаанд, қисмати ҷанубии халиҷи Панамаро даштҳо фаро гирифтаанд. Солҳои 1906-14 дар қисмати нисбатан пасти гардана Канали Панама (дарозиаш 81,6 км) сохта шуд, ки уқёнусҳои Атлантик ва Оромро мепайвандад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]