Гардуна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гардуна, ароба — нақлиёти қадимии ду ва чорчарха.

Сараввал барои кашондани борҳои вазнин ва одамон, баъдан ҳамчун олоти ҷангии зудрав истифода мешуд. Маълумоти нахустин дар бораи гардуна дар «Яштҳо»-и Авесто («Аредвисура Анаҳита Яшт») ҳангоми ситоиши фариштаи об ва ободонӣ–Анаҳита омадааст, ки ӯ илоҳаи зебо буда, савори гардуна-и зарини чаҳораспа, аз осмон обҳои дунёро назорат мекунад. Дар эътиқоди ниёгони мардуми тоҷик илоҳа Анаҳита дар тимсоли фариштаи рӯдхонаи Вахш ва Ому – Охшои гардунасавор таҷассум ёфтааст. Бар ин гуфтаҳо гардунаи тилоии илоҳа Охшо аз «Хазинаи Амударё» (асри 3–4 то м.), ки дар осорхонаи Британия маҳфуз аст, далолат мекунад. гардуна-ҳои нахустин аз рӯйи сохт ба ароба шабоҳат дошта, онро дар ҳазорсолаи 3 то м. қабилаҳои шумерӣ (сокинони ҷануби Ироқ) аз чӯби паҳн ё лавҳи тахтабандӣ дар болои тирҳои чор чарх месохтанд. Ин навъи гардуна-ҳоро харҳои ромшуда (гӯрхар) тавассути тасмаҳои чармини ба гардану бинӣ ва пешсинаашон баста, мекашонданд. Ин усули чандон мусоид набуд, зеро чорпоён нафасгир шуда, дар як соат то 12–15 км ҳаракат мекарданд. Дар ҳазорсолаи 2 то м. қавмҳои ориёӣ (порсҳо, бохтариҳо, сакоиҳо, модҳо, ҳиндуориёиҳо) дар кашондани гардуна аспҳоро истифода бурданд, ки минбаъд ин навъи гардуна ҳамчун воситаи зудҳаракати ҷангӣ дар аксари кишварҳои Шарқи Наздик (Бобул, Ошур, Урарту), Миср, Ҳинд ва Чини Қадим маъмул гардид. гардуна-ҳои ҷангии аҳди қадим аввал дучарха буда, онро як асп мекашид, ки бозёфтҳои чарху боқимондаҳои гардуна-ҳо дар ҷануби Украина, ҳудудҳои Анатолия ва Синтош-Петровка (Қазоқистон) аз он гувоҳӣ медиҳанд. гардуна-ҳои нахустини ақвоми ориёӣ барои шикор пешбинӣ шуда, чархҳои сахти чӯбин доштанд. Дар байни чӯби тирҳо ва қисми пеши гардуна-ҳо аз чарми бофта истифода мекарданд, ки вазни он ва муқовимати бодро коҳиш медод. Баландӣ, ҳаракати тез ва барои тирандозӣ мувофиқ будани гардуна онро ба нақлиёти ҷангӣ табдил дод. Бо истифодаи филиззот гардуна-ҳо такмил ёфта, тир, девораи ҳимоявӣ ва чархҳои он аз филизз сохта мешуданд. Ҳангоми ҷанг гардуна-ро гардунадор идора мекард ва дар ду паҳлуи он тирандозон ҷой мегирифтанд. Дар Юнон ва Руми Қадим гардуна-ро ба ғайр аз ҷангҳо дар набарди гладиаторҳо, тантанаҳои пирӯзӣ, пазироӣ ва гусели императорҳову ашрофони воломақом истифода мебурданд. Дар артиши савораи Ҳахоманишиён гардуна нақши муҳим дошта, бештар ҳангоми ҳамла ба сафи душман аз он истифода мекарданд. Дар замони давлатдории Ашкониён ва Сосониён гардуна-ҳо ҳамчун олати ҷангӣ аҳаммияти худро тадриҷан гум карданд ва минбаъ дар сафи артиши савора ба ҷойи гардуна аз асп истифода мебурданд. Дар аҳди Сосониён гардуна бештар дар маросимҳои мазҳабӣ истифода мегардид.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. Лондон, 1999;
  • Кова Фаррух. Персы. Армия великих царей. М., 2009.

Сарчашма[вироиш]