Гармалаф
Гармалаф | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Bidens tripartita L.[1] | ||||||||||||||
|
Гармалаф, гармича, хори сагак, сагакхор (лот. Bídens tripartíta) — гиёҳест яксола.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш рост, сершохаи сурхтоб, аз 30 то 150 см қад мекашад. Баргаш 3–5- парра (дарозиаш 3–7 см), гулаш майдаи зард; мевааш хоракҳои каҷ дорад, ки ба либос ё пашми ҳайвонот мечаспанд (вазни 1000-тоаш 2–3,5 г). Гармалаф аз июн то сентябр гул мекунад. Дар тамоми қисми аврупоии Русия, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Шарқи Дур паҳн гардидааст. Дар шибарзамин, ҷойҳои сернами соҳили дарё, ҷӯй, обанбор ва марғзори серрутубат мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар мавзеи дарёи Сир, қ-кӯҳҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои ҷанубӣ (дар баландии 800–2000 м аз с. б.) вомехӯрад. Гармалаф рустании обталаб аст. Онро дар ҷойҳои сернам (ҳавзаи дарё ва соҳили обанборҳо) парвариш мекунанд. Аз тухмаш зиёд карда мешавад. Тухми гармалаф дар муддати 5–7 сол қобилияти сабзишашро нигоҳ медорад. Пеш аз кишти гармалаф заминро шудгор ва мола карда, ба ҳар га 30–40 т пору ва нурии минералӣ (30 кг N, P2O5, K2O) меандозанд. Тухмиро тирамоҳ 10–15 рӯз пеш аз оғози сармо (ба чуқурии 1 см) ва аввали баҳор ба чуқурии 2–3 см (байни қаторҳо 45–60 см) мекоранд. Меъёри кишт ба ҳар га 10–12 кг аст. Давраи нашви гармалаф 120–140 рӯз идома меёбад.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гармалаф гиёҳи доруист. Бо мақсади табобат баргу навдаи наврустаи онро меғундоранд (то давраи гулшукуфт) ва дар ҷойи шамолрас тунук карда нигоҳ медоранд (то 2 сол). Дар таркиби гармалаф равғани эфир, моддаҳои даббоғӣ, флавоноидҳо, витамини С, каротин, микроэлементҳо мавҷуданд. Ҷӯшоби гармалаф барои муолиҷаи бемориҳои зангила, бронхит, иллати ҷигар, узвҳои ҳозима, амрози пӯст (хоришак, шукуфа, экзема) истифода мешавад. Бо нақуи он бемории ниқрис, диабети қандӣ, тарбод, радикулит ва илтиҳоби банду буғумро табобат мекунанд, чун давои пешоброн низ ба кор мебаранд. Табибони тибетӣ бо нақеи гармалаф камхунӣ, сӯхтанӣ, атеросклероз, табибони чинӣ бемории силро даво мебахшанд. Табибони халқии тоҷик нақеи баргу пояи гармалаф-ро барои муолиҷаи вараҷа, нақеи решаашро ҳангоми бемории обхӯра тавсия медиҳанд. Марҳами алафи гармалаф-ро ба гармича мемоланд.
Дар соҳаи саноат аз барг ва гулҳои гармалаф рангҳои зарди равшан, зардтоб ва ҷигарӣ ҳосил карда, онро барои рангпардозии матоъҳои абрешимӣ ва пашмин истифода менамоянд. Дар байторӣ низ ба кор бурда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Species Plantarum 2: 831 (1753)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалева Н. Гармалаф Лечения растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их приминение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
- Губанов И. А. (ва дигармалаф). Череда трёхраздельная//Иллюстрированный определитель растений Средней России. М., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармалаф / М. Ҳоҷиматов. // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.