Гармидиҳии динамикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармидиҳии динамикӣ — шабакаи гармидиҳӣ, ки аз кӯра, ҷузъҳои (унсурҳои) гармкунанда ва дастгоҳи сардкунанда (яхдон) иборат аст.

Гармидиҳии динамикӣ имкон медиҳад, ки ба ҳаво бештар гармӣ интиқол ёбад, зеро ба он гармии муҳити атроф низ мегузарад. Ҳангоми гармидиҳии динамикӣ як қисми гармӣ, ки дар кӯра ҳосил мешавад, ба бинои гармшаванда интиқол ёфта, қисми боқимондаи он ба коре, ки мошини гармоӣ (муҳаррик) иҷро мекунад, сарф мегардад. Дар муҳаррик кӯра чун гармкунанда ва бинои гармшаванда чун яхдон амал мекунанд. Коре, ки муҳаррик иҷро мекунад, барои амал намудани мошини сардкунанда (насоси гармоӣ), ки дар байни муҳити атроф ва бино ҷойгир аст, истифода мегардад. Дар ин ҳолат мошини сардкунанда гармиро аз муҳити атроф гирифта, ба бино медиҳад. Бо ин роҳ бино ҳам аз кӯра ва ҳам аз муҳити сарди атроф гармӣ мегирад. Дар ин вақт миқдори умумии гармӣ аз миқдори гармие, ки ҳангоми гармидиҳии муқаррарӣ ба бино интиқол меёбад, зиёд аст. Шабакаи гармидиҳии динамикӣ дар асоси кори мошини абсорбсионии сардкунанда, ки сохти шабакаро хеле сода мегардонад, амал мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]