Гармидиҳии инфрасурх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гармидиҳии шуоӣ)

Гармидиҳии инфрасурх — яке аз навъҳои системаи гармидиҳӣ, ки дар он нурафкани инфрасурх чун манбаи гармӣ истифода мешавад.

Гармидиҳии инфрасурх ҳамчун гармидиҳии ёрирасон ва асосӣ истифода мегардад. Ба туфайли хосиятҳои афканишоти инфрасурх гармидиҳии инфрасурхи ҷузъиро низ ба роҳ мондан мумкин аст, яъне, дар ин маврид гармӣ фақат ба минтақаҳои дилхоҳи хонаи бузург ва сақфаш баланд дода мешавад. Ғайр аз ин, гармидиҳии инфрасурх шакли ягонаи гармидиҳист, ки барои самаранок гарм кардани фазои кушод (аз ҷумла дар кӯча) имкон медиҳад. Азбаски нурҳои гармӣ аз гармкунандаи инфрасурх хориҷшаванда амалан фурӯ бурда намешаванд ва дар ҳаво пароканда намегарданд, тамоми энергияи афкананда бевосита то одам ва ашё омада мерасад. Дар навбати худ объектҳо гарм шуда, гармиро ба ҳавои атроф медиҳанд. Аз ин ҷост, ки гармидиҳии инфрасурхро гармидиҳии мустақим меноманд. Тафовути асосии гармкунандаҳои инфрасурх аз дигар навъҳои гармидиҳӣ низ дар ҳамин аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]