Гармиивазшавӣ дар атмосфера

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармиивазшавӣ дар атмосфера — дар самти уфуқӣ ва амудӣ ивазшавии ҳаво дар атмосфера.

Ҷараёни гармо аз минтақаҳои нисбатан гарм ба минтақаҳои нисбатан сард интиқол меёбад ва ҳар қадар фарқи ҳарорат зиёд бошад, шиддати интиқол зиёд мешавад. Дар тропосфера ҳарорат аз самти экватор ба тарафи қутбҳо дар ҳар як арз баробари афзоиши баландӣ паст мешавад. Дар натиҷаи гармиивазшавии байни арзҳо атмосфера дар арзҳои тропикӣ ва субтропикӣ (дар Нимкураи шимолӣ то 40°) гармиро гум мекунад ва дар арзҳои нисбатан баланд онро қабул менамояд. Ғайр аз ин гармиивазшавӣ дар натиҷаи гуногунтаркибии хосиятҳои гармоии қабати рӯпӯшкунанда (мас., хушкӣ ё баҳр) дар самти арзҳо низ ба амал меояд. Ҳангоми гармиивазшавии амудӣ ҷараёни гармӣ, асосан, аз сатҳи замин ба боло ҳаракат мекунад. Интиқоли гармӣ дар атмосфера бо роҳи конвексия (аз ҷумла адвексия), яъне, интиқоли уфуқӣ ва амудии ҳаво; гармиивазшавии шуоӣ, гармиивазшавӣ дар натиҷаи бухоршавии об ва конденсатсияи буғи об ва камтар дар натиҷаи гармигузаронии молекулавӣ ба амал меояд. Гармиивазшавии конвективӣ (адвективӣ)-и байни арзҳои ҷанубӣ ва шимолӣ дар натиҷаи интиқоли массаҳои ҳаво ба вуҷуд омада, 1019 кал/шабонарӯзро ташкил медиҳад. Гармиивазшавии конвективӣ дар самти амудӣ дар натиҷаи ҳаракати муназзами амудии ҳаво дар соҳаҳои сиклонҳо ва антисиклонҳо ва инчунин турбулентият (Нигар Турбулентият дар атмосфера ва гидросфера) ба амал меояд. Ба ҳисоби миёна дар Нимкураи шимолӣ сели амудии гармӣ қариб 50 кал/см х шабонарӯзро ташкил медиҳад. Гармиивазшавии шуоӣ дар натиҷаи чанг, гази карбон, абрҳо ва дигар газҳо, аэрозолҳои атмосфераро фурӯ бурдани газ ва афканишоти радиатсияи дарозмавҷ ба амал меояд. Бар асари гармиивазшавии шуоӣ ниҳоят интиқоли гармо аз атмосфера ба фазои олам рух медиҳад; миқдори гармои интиқолёбанда ба ҳисоби миёна 400 кал/см х шабонарӯзро ташкил медиҳад. Талафи гармо дар фазои олам, умуман, аз арзҳои паст ба сӯи арзҳои баланд кам мешавад. Гармиивазшавие, ки раванди бухоршавӣ ва конденсатсия ба вуҷуд меоранд, боиси интиқоли гармӣ аз сатҳи замин ба атмосфера, ба ҳисоби миёна қариб 120 кал/см шабонарӯзро ташкил медиҳад. Миқдори зиёдтарини гармӣ бо ин роҳ дар арзҳои паст интиқол меёбад. Вобаста ба амали тағйирёбии солона ва шабонарӯзии ҳарорат ва тағйирёбии шабонарузии суръати шамол тағйирёбии солона ва шабонарӯзии шиддати гармиивазшавӣ мушоҳида мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пальмен Э., Ньютон Ч.. Циркуляционные системы атмосферы//Пер. с англ., Л., 1973;
  • Хргиан А. Х., Физика атмосферы, Л., 1969;
  • Кондратьев К. Я., Лучистый теплообмен в атмосфере, Л., 1956.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]