Гармиивазшавӣ дар хок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармиивазшавӣ дар хок — раванди мубодилаи гармии байни сатҳи хок ва қабатҳои он.

Гармиивазшавӣ ба гармигузаронӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии ҳарорати қабатҳои гуногуни хок ба вуҷуд меояд ва ба гармигунҷоиши хок зич вобаста аст. Сели гармӣ аз қабати нисбатан гарм ба қабатҳои нисбатан сард ҳаракат мекунад: дар тобистон ба умқи хок, дар зимистон аз қабати замин ба сатҳи он равона мешавад. Ба гармиивазшавӣ асосан қабати барф, рустаниҳо, релеф таъсири калон мерасонанд (мас., қабати ғафси барф, ки гармигузаронии хурд дорад, талафи гармии хокро кам мекунад). Суръати мубодилаи гармӣ ба намии хок вобаста аст. Масомаҳои хоки хушк аз ҳаво пур шуда, гармигузарониро суст мекунанд, яъне, мубодилаи гармӣ суст ҷараён мегирад. Бо афзоиши намии хок гармигузаронӣ афзуда, суръати мубодилаи гармӣ баланд мешавад. Тағйирёбии мубодилаи гармӣ дар давоми шабонарӯз низ мушоҳида мегардад: рӯзона сели гармӣ ба дохили хок ва шабона аз умқи хок ба сатҳи он равона мешавад. Дар гармиивазшавии солона то 10-20 м-и қабати замин ва дар Гармиивазшавӣ-и шабонарӯзӣ то 100 см қабати хок саҳм мегузоранд. Омӯзиши гармиивазшавӣ, инчунин мубодилаи гармии байни хок ва атмосфера барои истифодаи ин раванд дар хоҷагии халқ (мелиоратсияи гармоӣ), ки барои ба танзим даровардани ҳарорати хок, мубориза алайҳи сармои бемаҳал, яхбандӣ, хушксолӣ ва ғ. ёрӣ мерасонад, муфид аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]