Jump to content

Гармии Ӯротеппагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гармии Ӯротеппагӣ
Навъи фаъолият: шоир

Гармии Ӯротеппагӣ (форсӣ: گرمئ اوراتپهگی‎) — шоири тоҷик (асри 16).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи Гармии Ӯротеппагӣ Мутрибӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» маълумоти мухтасар оварда, аз вохӯриаш бо ӯ иттилоъ додааст. Шоири хушсухан ва хушадо будааст. Ба сабаби гарм доштани маҳфилҳои адабиву базмҳои шеърхонӣ тахаллуси «Гармӣ» гирифта буд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо то замони мо расидаанд. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки ӯ норозигиашро аз беадолатиҳои замон кушоду ошкоро баён мекардааст. Абёти зерин аз ӯст:

Заҳроби ғам зи рӯзи азал шуд ба коми мо,
Набвад ба ғайри заҳри ҳалоҳил ба ҷоми мо.
Ҳар ҷо, ки буд кӯҳи бало, ҷамъ оварид,
Ин чархи каҷниҳод рақам зад ба номи мо.
Доми умеди хеш ба ҳар ҷо, ки мениҳем,
Ҷуз мурғи ҳаҷр сайд нагардад ба доми мо.
Аз шарбати висол нашуд ҷуръае насиб,
Алмосреза гашт дамодам ба доми мо.
Аз оташи фироқ чу Гармӣ гудохтем,
Ку бахт, то ба дӯст барад ин паёми мо?

  • Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Д., 1985;