Гармкунак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Горелка
Гармкунак (Горелка)

Гармкунак, грелка — василаест барои гарм кардани ҷой ё узви бадан.

Зери таъсири гармӣ дар ҷойе, ки гармкунак гузошта шудааст, гардиши хун беҳтар ва дард кам мешавад. Рафъи дард на танҳо ба ҳарорат, балки аз муддати истифодаи гармкунак низ вобаста аст. Гармкунакҳо аз рӯйи андоза, гунҷоиш, шакл ва тариқи муолиҷа гуногун мешаванд.

Гармкунаки резинӣ халтаро мемонад. Онро бо оби гарм пур мекунанд. Гунҷоишаш то 3 л аст. Барои истифода хеле мувофиқ мебошад. Сараввал аз се ду ҳиссаи гармкунакро бо об пур карда, ҳавои дохили онро боэҳтиёт мебароранд. Сипас даҳанакро хуб мебанданд ва гармкунакро бо дастмол печонида, ба ҷойи зарурӣ мегузоранд. Гармкунаки беҳад гармро аввал рӯйи кампал, баъди каме хунук шудан рӯйи ҷойпӯш ва сипас ба бадан гузоштан лозим аст. Пеш аз истифодаи гармкунак барои насӯхтан ё доғ пайдо накардан ба пӯст вазелин ё марҳам мемоланд. Гармкунакро бояд бо тавсияи духтур истифода кард. Ҳангоми дарди шадиди шикам (мас., аппендитсит, холетсистит ва ғайра), лат ёфтан, иллати пӯст, сирояти захм ва омосҳои бадфарҷом истифодаи гармкунак мамнӯъ аст. Ба гармкунак оби хунук низ пур мекунанд. Истифодаи он барои илоҷи рагкашии мушак, латхӯрӣ, хуномос (ҳематома) нафъ дорад. гармкунаки барқӣ гармии хушк дошта, иқтидораш 40 Вт аст. Онро ба шакли кампал, миёнбанд, намадмӯза ва гиребон истеҳсол ва бо матоъи махсуси барқногузар ҷилд мекунанд. Ҳарорати чунин гармкунакро танзим кардан мумкин аст. Гармкунаки барқиро барои табобати радикулит, невралгия, неврит, артрит, миозит ва ғ. истифода мебаранд.

Гармкунаки кимиёӣ ба обу барқ ниёз надорад. Онро бо андаке ғиҷим кардан метавон ба кор даровард. Дохили гармкунаки кимиёӣ бо оҳаки ношукуфта, оҳанреза, намак ва ғ. пур карда шудааст. Аз ҳисоби вокуниши дохилии онҳо гармӣ (то 70-80°С) ҳосил мешавад.

Дар мавриди зарурат шишаҳои пластикии даҳонашон маҳкамро низ метавон чун гармкунак истифода кард. Гоҳе барои гарм кардани узви бадан рег ё тухми тафсондаи баъзе рустаниҳоро ба кор мебаранд. Онҳоро дар халтача гирифта ба ҷойи дардманд мегузоранд. Сӯистифода аз чунин гармкунак оқибати ногувор дорад. Нигар низ Гармишифоӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]