Гармобардорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармобардорӣ — қобилияти ба шиддати ҳарорат (таъсири ҳарорат), ки ба тағйир ёфтани ҳарорат (ҳангоми гарм ё хунук кардан) вобаста аст, тоб овардану ихтилол наёфтани маснуоти оташбардор ё дигар масолеҳи мурт.

Гармобардорӣ ба зариби васеъшавии ҳароратӣ, гармогузаронии масолеҳ, чандирӣ ва хосиятҳои дигари он, инчунин ба шаклу андозаи маснуот вобастагӣ дорад. Дар асоси ин вобастагиҳо муодилаҳои ҳисобу китоби зарибҳо ва меъёрҳои гармобардорӣ таҳия гардидаанд. Дар амалия, маъмулан Гармобардорӣ-ро бо адади ивазшавии ҳарорат (давраҳои гарму сардшавӣ), ки ба он маснуот то пайдо шудани тарқишҳо (нақсҳо), тамоман ё қисман ихтилол ёфтан тоб оварда метавонад, инчунин бо градиенти ҳарорат, ки ҳангоми он нақсҳо пайдо мешаванд, муайян мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]