Jump to content

Гармонизатсия (мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармонизатсия — рабт, ҳамовозӣ, мувофиқат, ҳамоҳанг сохтан, ҷӯр сохтани аккордҳо.

1).Асари мусиқие, ки дар он зинаҳо мувофиқкунанда шудаанд. Як оҳанг метавонад аз ҷиҳати овозҳои мусиқӣ ҳар навъ Гармонизатсия шавад (тағйирёбии гармонӣ). Ҷузъиёти умдатарини (услуби умумӣ, вазифа, модулятсияи тағйироти тадриҷӣ) Гармонизатсияи табииро худи оҳанг муайян месозад.

2).Таснифи ҷӯрии аккордӣ ва бисёровоз (хор) ба ягон оҳанг ё наво аз рӯйи қонунҳои гармония; ба навои асосӣ ба мувофиқат овардани иловаи мусиқӣ.

3).Такмили бадеии оҳанге, ки аз манбаи дигар гирифта шудааст (мас., такмили сурудҳои халқӣ). Омӯзиши Гармонизатсияи оҳанг дар курси гармония дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ дарс дода мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.95. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)