Гармо (пирях)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гармо
Характеристики
Площадь114,6 км²
Длина30,4 км
Расположение

Гармо — пирях дар болооби дарёи Хингоб, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри I, Академияи фанҳо ва Дарвоз.

Аз 4 шохаи калони мураккабу хӯрҷинмонанди морфологӣ (Липский, Беляев, Вавилов ва Шокалский) таркиб ёфта, дарёҳои водиҳои Вахё ва Ванҷро сероб мекунад. Дарозиаш 30,4 км, бараш то 2 км, масоҳаташ 114 км2. Баландии минтақа ва зиёд будани миқдори бориш сабаби пайдо шудани пирях гаштаанд. Миқдори бориши солона 1800 см (дар баъзе маҳалҳо бештар). Манбаи захирааш — боридани барф ва тармаҳои хобида. Таҳқиқоти солҳои охир собит менамоянд, ки ҳаҷми баъзе пиряхҳо хурд мешавад. Аз хатти барфӣ поинтар фуромадани забонаи пиряхҳо аз ин шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, пиряхи Гармо аз хатти барфӣ то баландии 2800-3000 поин фуромадааст. Қисми поёнии Гармо бо моренаҳо (таҳнишастҳои пиряхӣ) пӯшида шуда, пастию баландиҳо ва кӯлчаи бисёре пайдо намудааст. Қуллаи баландтаринаш — 6595 м.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]