Гауди, Антонио

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гауди, Антонио
кот. Antoni Gaudí i Cornet
Gaudí (1878).jpg
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 25 июн 1852(1852-06-25)[4][5][6][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 июн 1926(1926-06-10)[4][5][6][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:
Имзо Signature Antoni Gaudí.svg

Анто́ни Пла́сид Гилйéм Гауди́-и-Корне́т (ҳамчунин Анто́нио; кот. Antoni Plàcid Guillem Gaudí i Cornet [ənˈtɔni ɣəu̯ˈði i kuɾˈnɛt], испанӣ: Antonio Plácido Guillermo Gaudí y Cornet; 25 июни 1852, Реус, Каталония — 10 июни 1926, Барселона) — меъмори испониёӣ.

Матни унвон[вироиш]

Дар мактаби дайри шаҳри Реус (1863-68) ва курсҳои тайёрии омӯзиши меъмории факултаи илмҳои табиии Донишгоҳи Барселона (1869-74) таҳсил кардааст. Замони таҳсил дар Омӯзишгоҳи музофотии меъмории Барселона (1873-77) чандин лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаи Бемористони марказӣ ва бандарро кашидааст. Аз назарияи Э. Виолле-ле-Дюк, ки усули меъмории готиро инкишоф дода, зери таъсири меъмории суннатии маҳаллии тавъам бо равишҳои аврупоию шарқӣ ва мавританӣ (сабки мудехар) буд, илҳом гирифтааст. Аз рӯйи лоиҳаҳои Гауди биноҳои Каса Висенс ва Эл Каприччо — хонаи берун аз шаҳри Диаса де Кихано дар Комиляс (1878-88), берун аз ҳудуди Брюссел бо сабки озоди готикаи нав кохи мазҳабии Астрог (1887-93), қасри Каса Ботинес дар Леон (1891-94), работ барои Э. Гуэл дар Педралбес (1885-88), кохи шаҳрӣ дар Палау Гуэл (1886-89) сохта шудаанд. Бинои Калветаро (1898—1900) метавон аз олитарин сохтмонҳои Гауди шумурд. Солҳои 1900-09 бинои «Белиесгуард» («Намуди зебо»)-ро барои Мария Сагес дар сабки дижҳои асримиёнагӣ месозад. Солҳои 1900-14 болои лоиҳаи парки бузург дар Гарсиа, ки онро Гуэл фикр карда буд, кор мекунад. Навовариҳои Гауди (тоқҳои параболӣ, пояҳои моил, равоқҳои сабук) асоси хонаҳои машҳури Каса Батло (1904-06) ва Каса Мила (1906-10)-ро ташкил медиҳанд. Боҳашаматтарин эҷоди Гауди маъбади бузурги Хонадони Муқаддас (Саграда Фамилиа, 1883—1926) буд. Худи Гауди ин биноро дар қатори калисоҳои ҷомеи комилан нав нахустин ибодатгоҳ шумурда, ба он ҳамчун рамзи муҳташами эҳёи миллию иҷтимоии Каталония аҳаммияти хос додааст. Сохтмони ин маъбад ба сабаби марги Гауди нотамом монд. Соли 1910 дар Порис Ҷамъияти миллии ҳунарҳои зебо намоиши осори Гауди-ро ташкил кард, ки дар он лоиҳаҳои сершумори ӯ ба намоиш гузошта шуданд. Ин ягона намоишгоҳи даврони зиндагии ӯ дар хориҷ аз кишвараш буд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.nytimes.com/2005/07/31/arts/design/31star.html?8hpib
  2. https://www.moma.org/artists/2096 (ингл.)
  3. https://datos.gob.es/es/catalogo/e00123904-autores-espanoles-en-dominio-publico-fallecidos-desde-1900
  4. 4.0 4.1 4.2 архитекторы, работающие в Швеции — 2014.
  5. 5.0 5.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. 6.0 6.1 Antoni Gaudi
  7. архитекторы, работающие в Швеции — 2015.
  8. Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  9. 9.0 9.1 Diccionario biográfico español (исп.)Real Academia de la Historia, 2011.

Адабиёт[вироиш]

  • Райнер Цербет. А. Гауди. М., 2000;
  • Хенсберген Гауди А. Гауди. Биография. М., 2003;
  • Хворостухина С. А. Шедеври Гауди (Памятники всемирного наследия). М., 2003.
  • Дьяков Л. А. А. Гауди. М., 2003. Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2003.

Сарчашма[вироиш]