Гваҳария, Александр Акакиевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гваҳария, Александр Акакиевич

Александр Акакиевич Гваҳария (30 июли 1929, Тифлис22 марти 2010, ҳамон ҷо) — эроншинос ва картвелологи гурҷӣ. Д. и. филология (1970), профессор (1973).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Тифлис (1952). Дар Донишгоҳи Тифлис, пажӯҳишгоҳҳои таърихи адабиёти гурҷӣ ва шарқшиносии АИ Гурҷистон кор мекард. Самтҳои асосии фаъолияти илмиву эҷодии Александр Акакиевич Гваҳария равобити адабии Гурҷистону Эрон, Тоҷикистон (адабиёти гузашта ва муосир), осори адабиёти форс-тоҷик ва нусхаҳо (тарҷумаҳо)-и гурҷии онҳо, омӯзиш ва ба чоп омода намудани матни баъзе асарҳои адабиёти форс-тоҷик, таҳқиқи достонҳои омиёнаи адабиёти форс-тоҷик ва ғ. буд. Мақолаҳову рисолаҳо ва пажӯҳишҳои нахустини Александр Акакиевич Гваҳария оид ба Рӯдакӣ («Поэтикаи Рӯдакӣ», 1958; «Рӯдакӣ дар мукотиботи Ю. Н. Марр ва К. И. Чайкин», ба забони русӣ, дар китоби «Рудаки и его эпоха», Сталинабад, 1958), рисолаи «Фирдавсӣ» (1963), «Манбаъҳои форсии нусхаи гурҷии «Юсуф ва Зулайхо» (1958) ва ғ. мебошанд. Александр Акакиевич Гваҳария ба тарҷумаи гурҷии «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ – «Висрамиани» таваҷҷуҳи хосса дошт. Вай ин ду асарро омӯхт, ба ҳам муқоиса кард ва соли 1970 ҳамроҳи шарқшинос Магали Тодуа дар Теҳрон матнҳои интиқодии «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва «Висрамиани»-ро бо муқаддимаву тавзеҳот ба табъ расонд. Солҳои 1999–2001 Александр Акакиевич Гваҳария дар бораи матнҳои форсӣ ва гурҷии ин асар дар нашрияи АИ Гурҷистон мақолаҳо навишт. Достонҳои адабиёти омиёнаи форс-тоҷик «Бахтёрнома», «Қаҳрамоннома» ва нусхаҳои гурҷии онҳоро муқоиса ва таҳқиқ кардааст (китоби «Аз таърихи насри мардумии форсӣ», 1973; ба забони гурҷӣ). Ба қалами Александр Акакиевич Гваҳария китоби «Сарчашмаи робитаҳои адабии гурҷиву форсӣ» (ҷ. 1–1995, ҷ. 2–2001) ва ғ. тааллуқ доранд.

Александр Акакиевич Гваҳария дар омӯзиши «Палангинапӯш»-и Ш. Руставели саҳм гузоштааст. Ҳамроҳи завҷаи шарқшинос Ю. Марр – Софя Марр матни мукотибаи Ю. Марр ва К. И. Чайкинро дар ду ҷилд ба табъ расонд (1966, 1976).

Александр Акакиевич Гваҳария бо доираҳои илмии Тоҷикистон, донишмандони соҳаи адабиёти тоҷик робита дошт. Дар Донишгоҳи Тифлис ӯ дар қатори дигар фанҳо аз фолклори тоҷик дарс медод. «Афсонаҳои тоҷикӣ»-ро ба гурҷӣ тарҷума кардааст (нашр – 1972). Дар ҷашни 100-солагии С. Айнӣ иштирок карда, оид ба равобити адабии гурҷиву тоҷикӣ суханронӣ намуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Милибанд С. Д. Востоковеды России. М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]