Гей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гей — ибораи гей аз калимаи англисии «gay» гирифта шудааст — сифати англисӣ, сараввал «бепарво», «хурсанд», «дурахшон», «театрӣ». Аммо дар забони ҳозираи англисӣ, сар карда аз солҳои 19601970 ин вожа ҳамчун исм ё сифате фаҳмида мешавад, ки маънояш ҳамҷинсбоз —ҳомосексуал мебошад. Иҷтимоиётшинос ва шаҳватшинос И. С. Конпишет дар китобаш «Муҳаббати ранги само» навиштааст, ки: «Гей — на танҳо мардест, ки мардро дӯст медорад, балки соҳибфикр, аъзои фарҳанги ғайриасосӣ, ҷамъият ё инки ташкилотест, ки барои ҳуқуқҳои шаҳрвандии худаш мубориза мебарад» Дар забони англисӣ калимаи «гей» метавонад нисбати нафароне истифода шавад, ки ба ҳамҷинсгароӣ даст мезананд, яъне мардон ва заноне, ки фарҳанги ғайри анъанавии шаҳвониро пеша кардаанд. Дар забони тоҷикӣ истилоҳи «гей» солҳои охир аз кишварҳои Ғарб омадааст ва нисбати мардони ҳамҷинсбоз-ҳомосексуал гуфта мешавад, ки ба ибораҳои қабеҳ ва зишт дохил мешавад.

Пайвандҳо[вироиш]


Сарчашма[вироиш]

  • 1.http://www.lib.ru/PSIH/KON/blove.txt
  • 2."gay". Online Etymology Dictionary.
  • 3.http://www.census.gov/genealogy/names/dist.female.first
  • 4. Alex Fletcher. Davidson departs 'Kitchen' after gay row,Digital Spy, September 11 2007. Помимо прочего, название «Good As You» носит одна из гей-организаций Индии: Gay pride rally turns curious heads in Bangalore,Daily News & Analysis, June 29, 2008.
  • 5.Словарь Бартлби

Эзоҳ[вироиш]

Ин мақола дар асоси мақолаи Гей аз Википедияи русӣ тартиб дода шудааст.