Jump to content

Гелминтозҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гелминтозҳо
Anisakis simplex
Anisakis simplex
МКБ-10 B83.983.9
МКБ-9 128.9128.9
DiseasesDB 28826
eMedicine / 
MeSH D006373

Гелминтозҳо (лот. helminthosis) — бемориҳои одам, ҳайвонот ва рустанӣ, ки гелминтҳо (кирмҳои паразит) ба вуҷуд меоранд. гелминтозҳо-и одам вобаста ба ангезанда ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: трематодозҳо (ангезандаашон трематодаҳо – киҷҷаҳои маканда), сестодозҳо (ангезандаашон сестодаҳо – тасмакирмҳо), наматодозҳо (ангезандаашон нематодаҳо – лӯндакирмҳо) ва акантосефалёзҳо (ангезандаашон акантосефалаҳо – кирмҳои хорсар).

Одам бештар ба чунин гелминтозҳо дучор мешавад: описторхоз, дифиллоботриоз, гименолепидоз, тениидозҳо, эхинококкоз, аскаридоз, анкилостомидозҳо, трихинеллёз, трихосефаллёз, энтеробиоз.

Гелминтозҳо вобаста ба сикли инкишофи гелминтҳо ба ду гурӯҳ – геогелминтозҳо ва биогелминтозҳо ҷудо мешаванд. Роҳ ва тарзи интиқоли гелминтҳо гуногун буда, ба хусусияти биологии паразит вобаста мебошанд. Тухм ё кирминаи ангезандаи геогелминтозҳо бидуни иштироки ҳомил инкишоф меёбад. Онҳо аз организми ҳомил ба воситаи наҷосат ба муҳит (хок, об ва ғайра) афтода, дар он ҷо болиғ ва қобили сироят мегарданд. Одам аз гелминтҳо ба тавассути дасти ношуста, сабзавоту мева, об, гарду чанг ва ғ. сироят меёбад. Кирминаи ангезандаи анкилостомидозҳо ҳангоми тамос ба хок (пойлуч гаштан, дар рӯи замин дароз кашидан ва ғайра) аз пӯст ба организм мегузарад.

Ангезандаи биогелминтозҳо фақат бо иштироки ду ё чанд ҳомил (ниҳоӣ, мобайнӣ ва баъзан иловагӣ) инкишоф меёбад. Биогелминтозҳо ба одам дар натиҷаи истеъмоли гӯшти сироятноки нопухта (тениоринхоз), гӯшти хук (тениоз), моҳӣ (дифиллоботриоз), харчанг, харчанги обӣ таъсир мерасонанд. Ошомидани оби ноҷӯшонида низ барои сар задани гелминтозҳо шароити мусоди фароҳам меорад. Сироят аз филяриатозҳо бошад, дар натиҷаи газидани магасҳо ва дигелминтозҳо ҳашарот ба вуқӯъ мепайвандад.

Навъҳои гуногуни гелминтҳо дар узву бофтаҳои муайян маскун шуда, онро иллатнок мекунанд. Зуҳуроти беморӣ гуногун буда, ба навъи кирм ва шумораи он, ҷойгирӣ, ҳолати умумии организм ва ғ. вобаста аст. Ҳангоми гелминтозҳо мариз хароб, тундмизоҷ, беҳол мешавад, сараш чарх мезанад. Агар киҷҷа дар рӯда маскун шавад, қабзият ё исҳол, дилбеҳузурӣ, баъзан қай ба вуҷуд меояд; агар кирмҳо дар ҷигар ҷой гиранд, беморро зардӣ зер мекунад; қиҷҷаи шуш сулфа меорад. Дар мавриди гирифторӣ ба гелминтозҳо қобилияти корӣ суст шуда, инкишофи рӯҳию ҷисмонии кӯдакон халал меёбад, онҳо дер ба балоғат мерасанд, кундзеҳн мешаванд.

Барои табобати гелминтозҳо аз доруҳои киҷҷакуш истифода мекунанд. Дегелминтизатсия, одатан, самараи хуб меорад. Дар мавриди баъзе гелминтозҳо (эхинококкоз, алвеококкоз) амалиёти ҷарроҳӣ мегузаронанд. Бо мақсади пешгирии гелминтозҳо риояи қоидаҳои санитарии зерин ҳатмӣ мебошад: пеш аз истеъмоли ғизо ва таҳияи хӯрок, шустани дастон; саривақт гирифтани нохунҳо, хоса дар кӯдакон; қабл аз истифода шустани меваю сабзавот ва дар оби ҷӯш тар кардани онҳо; нӯшидани обе, ки безарар гардонда шудааст, ҷӯшонида истифода кардани оби ҷӯй ва каналҳо; нест кардани магасҳо – паҳнкунандагони тухми гелминтҳо; назорати вазъи санитарии деҳаҳо, пешгирӣ кардани ифлосии обу хок; аз муоинаи духтурон гузарондани аҳолӣ; ҳангоми корҳои вобаста ба замин пӯшидани пойафзор ва дастак.

Беморро нафақат аз кирм наҷот додан (яъне табобат намудан), балки тухми кирмҳоро нест кардан лозим. Он гоҳ шахс такроран ба он гирифтор намешавад. Чунин тадбири муштараки пешгирӣ ва табобатро дегелминтизатсия меноманд.