Шамсои Гелонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гелонӣ, Шамсуддин Муҳаммад)
Шамсои Гелонӣ
Таърихи таваллуд 1573
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1635
Кишвар

Шамсуддин Муҳаммад ибни Неъматуллоҳи Гелонӣ (форсӣ: شمس‌الدین محمد بن نعمت‌الله گیلان‎; машҳур ба Шамсои Гелонӣ, форсӣ: شمسای گیلانی‎, ? — 1654) — яке аз намояндагони машҳури мактаби фалсафии Исфаҳон дар аҳди Сафавия, муосир ва ҳамдарси Садруддини Шерозӣ. Падараш Неъматуллоҳи Гелонӣ аз донишмандони давр будааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои ҷавонии Шамсои Гелонӣ дар Гелон гузашта, ӯ баъдтар ба Исфаҳон омад ва ба доираи мактаби фалсафии Исфаҳон дохил шуд. Дар мадрасаи «Шайх Лутфуллоҳ» таҳсил карда, аз устодони он, аз ҷумла аз Мирдомод баҳраи фаровон бурдааст.

Шамсои Гелонӣ сафарҳои зиёде ба шаҳрҳои Эрон, Ироқ, Сурия ва Ҳиҷоз намудааст. Муддате дар Макка ва Мадина иқомат гузидааст. Дар ҳикмати мутаолиҳа бештар пайрави Мирдомод ва дар фалсафа пайрави мактаби фалсафии машшоъ буд.

Рисолаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаққиқон дар бораи 16 асари Шамсои Гелонӣ иттилоъ додаанд. Ӯ дар пайравӣ аз Мирдомод асаре бо номи «Ҳудуси олам» навиштааст. Ҳошияҳои зиёде ба масоили гуногун ва мушкили «Қабасот» дорад. Рисолае ҳам ба забони форсӣ таҳти унвони «Баёни аҳволи мавҷудот» иншо намуд, ки нотамом мондааст. Шамсои Гелонӣ аз улуми ахбору ҳадис низ огоҳӣ доштааст. Баъзе далелу бурҳонҳои овардаи ӯ зимни интиқоди осори Садруддини Шерозӣ ва дигар муосиронаш қобили тааммул будааст. Шамсои Гелонӣ шогирдони зиёде, аз ҷумла Алиқул ибни Қарочғойхон, Саййидризо Фахруддини Машҳадӣ, Алиризо ва дигаронро тарбият карда, ба воя расонидааст.

Рисолаи нисбатан бузурге, ки аз Шамсои Гелонӣ то ба имрӯз ба табъ расидааст, «Масолику-л-яқин» мебошад. Ҳамчунин «Рисола дар имкони ашраф», «Ибтоли вуҷуди воҷибайн», «Исботи воҷиб» ва ғ. таълиф намудааст, ки дар шакли дастхат дар китобхонаҳои гуногуни Эрон ва дигар кишварҳо маҳфузанд. Дар бахши фалсафа низ таълифоте ба мисли «Қавоиди фалсафӣ», «Ҳошия бар «Шарҳи Ишорот» иншо намудааст.

Боби аввали «Масолику-л-яқин» ба исботи вуҷуди воҷиб ва баёни назарияи судур бахшида шудааст. Муаллиф зимни исботи баъзе масоил бо ашоира дар мавзӯи таркиби иттиҳодӣ будани моҳият ба мубоҳиса пардохтааст. Дар боби дуюм амри инзимомӣ (хориҷӣ) набудани таркиби моҳияту вуҷуд ва исботи таркиби ақлию таҳлилӣ будани он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар боби сеюм дар бораи хусусиятҳои воҷибулвуҷуд, иллату-л-илал ва мабдау-л-мабодӣ будани он сухан меравад. Боби чаҳорум («Айнияти сифот нисбат ба ҳақ») роҷеъ ба феъли нафси муҷарради инсон нисбат ба бадан ва сифатҳои камолияи вуҷуд, боби панҷум дар бораи илми ҳусулӣ ва ҳузурӣ, боби шашум оид ба радди қавли собит будани моҳияти ҷудонашаванда аз вуҷуд баҳс мекунанд. Зимни таҳлили масоили фавқ муаллиф ба мутааххирону муосирони худ аз Ибни Сино гирифта то Садруддини Шерозӣ истинод намудааст.

Шамсои Гелонӣ дар рисолаи «Изҳору-л-камол» (ба форсӣ-тоҷикӣ) дар оғози баҳс ба масъалаи камоли вуҷуд ишора кардааст, ки дар осори дигар мутафаккирони асрҳои миёна собиқа надоштааст. Ӯ камолро хайри муассир ва нақсро шарри манфур медонад ва аз ин рӯ, камоли ҳар мавҷудро матлуб ва нақси онро маҳруб арзёбӣ мекунад. Шамсои Гелонӣ камолро ба ду бахш ҷудо намуда, якеро зуҳур ва таҳаққуқи асли зот ва дуюмиро зуҳур ва таҳаққуқи ҷамоли зот талаққӣ мекунад. Ӯ нақсро низ аз ду бахш иборат дониста, якеро адами зуҳур ва таҳаққуқи зот, дигареро адами таҳаққуқи ҷамоли зот медонад. Пас, ҳар шайъ шавқу иштиёқи ҳақиқӣ ба ҳар ду бахши камоли худ ва нафрати ҳақиқӣ аз ҳар ду бахши нақси худ дорад. Аз ин рӯ, тамоми мумкинот (офаридаҳои олами моддӣ) талаби камоли ҳақиқӣ аз зоти воҷибулвуҷудро доранд, ки тавассути назарияи файз (судур) сурат хоҳад гирифт. Аз ин нукта чунин бармеояд, ки ҳар чӣ дар олами ҳастӣ мавҷуд аст, ҳақиқат буда, шарри зотӣ вуҷуд надорад.

Шамсои Гелонӣ дар осори худ роҷеъ ба илми илоҳӣ, мусули афлотунӣ, таҷарруди нафс, вуҷуди ақлҳои тӯлӣ ва арзӣ ва ҳаракати ҷавҳарӣ бо мутааххирон, аз ҷумла Мулло Садро, баҳс ороста, мухолифати худро дар баъзе масоили фалсафӣ, аз ҷумла ҳаракати ҷавҳарӣ, иброз доштааст. Ӯ дар «Ҳудуси даҳрӣ» навишта, ки «бархе аз фузалои муосир, аз ҷумла Мулло Садро рисолае доранд дар исботи ҳудуси олам ва дар он мукаррар тасреҳ доранд, ки тамоми аҷсом, чи фалакӣ, чи унсурӣ, ҳодиси замонианд ва ҳеч ҷисме дар ду замон боқӣ нахоҳад буд, нуфуси муҷаррад низ ҳодиси замонианд ва ҳамчун аҷсом дар ду замон бақо надоранд».

Дар ҳамин рисола, ки шомили афкори бисёре аз андешамандон ва намояндагони маорифи исломист, масоили олим ва маълум, файзи вуҷуд ва ҳаракати ҷавҳарӣ мавриди баҳсу мунозираи Шамсои Гелонӣ бо Мулло Садро қарор гирифтааст. Ӯ ба таҳлили навъҳои гуногуни иттиҳод (иттиҳоди моҳият ба вуҷуд, ҷинс ба фасл, моддаву сурат, аразу мавзӯъ ва ҳақиқату рақиқат) мепардозад. Устоди Шамсои Гелонӣ Мирдомод замонро нисбати мутағайир ба мутағайир, даҳрро нисбати собит (муҷаррад) ба мутағайир ва сармадро нисбати собит ба собит арзёбӣ намуда буд. Шамсои Гелонӣ дар пайравӣ аз устоди хеш қоил ба ҳудуси даҳрӣ буд ва бо истинод ба мавқеи Ибни Сино ва Насируддини Тусӣ роҷеъ ба ин масъала мегӯяд: «Тақаддуми иллат бар маълул тақаддуми зотист, на тақаддуми замонист, ҷаҳон ҳодис аст». Барои исботи ҳудуси замонӣ Шамсои Гелонӣ ҳамин тақаддуми зотиро кофӣ шуморида, аз ин роҳ ҳудуси даҳриро ба исбот мерасонад.

Шамсои Гелонӣ дар таҳрири масоили умури омма ва илоҳиёт маълумоти комил дошт, дар тақрири матолиби мушкил бештар ба мавқеи мутакаллимон майл мекард ва дар баҳсҳои мафкуравӣ ниҳоят эҳтиёткор буд. Ӯ зарфи ақлҳои муҷаррадро даҳрӣ ва олами даҳрро муҷарради томи вуҷуди орӣ аз тағӣироту инфиолу таҷаддуд мепиндошт. Ба андешаи ӯ, даҳр рӯҳи замон буда, ҳар мавҷуди муҷарради собит, чун модда надорад ва аз роҳи имкони истеъдодӣ ҳосил нашудааст, сабаби замон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • صدرالدین شیرازی. شواهد الربوبیة. مشهد، 1346 ش.؛
  • منتخباتی از آثار حکمای الهی ایران از عصر میرداماد و میرفندرسکی تا زمان حاضر. قسمت اول. تهران، 1973؛
  • جاودان خرد. سال چهارم، شمارۀ دوم. پائیز،1360 ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гелонӣ Шамсуддин Муҳаммад / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.