Jump to content

Генератори Ван де Грааф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Генератори Ван де Грааф

Генератори Ван Де Грааф — генератори баландшиддат, ки дар асоси амали электриконии навори диэлектрикии ҳаракаткунанда кор мекунад.

Генератори аввалинро физики амрикоӣ Роберт Ван де Грааф соли 1929 сохта буд, ки бо он фарқи потенсиали то 80 киловолт ҳосил гардид. То соли 1933 генераторҳои нисбатан тавонои шиддаташон то 7 млн волт ихтироъ шуданд. Дар генераторҳои муосир ба ҷойи навор занҷирҳо истифода мешаванд, ки аз қисмҳои филиззӣ ва пластикӣ (пеллетронҳо) иборатанд. Дар оғоз Генератори Ван Де Грааф барои таҳқиқоти ҳаста бо мақсади шитобдиҳӣ ба зарраҳои барқанок истифода мешуд. Ҳоло барои шитобдиҳии зарраҳои барқанок усулҳои дигар истифода гардида, Генератори Ван Де Грааф барои тамсиласозии равандҳое, ки ҳангоми раъду барқ ба амал меоянд, инчунин барои ба вуҷуд овардани тахлияи раъд дар рӯйи Замин истифода мегардад.