Генератсияи минералҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Генератсияи минералҳо — маҷмӯи минералҳое, ки таркиби кимиёии мураккаб дошта, дар фосилаи тӯлонӣ ҳосил мешаванд.

Генератсияи минералҳо якчанд ассотсиатсияи минералогиро дар бар гирифта, дар шароити физикию кимиёии бо мурури вақт тағйирёбанда минералҳои навро тавлид мекунанд. Як минерал дар марҳалаву ассотсиатсияҳои гуногун дар умқи пасту баланд ва шароити тағйирёбандаи ҳарорат метавонад пайдо шавад. Дар ин маврид хусусиятҳои физикии минерал дигар шуда, таркибаш бетағйир мемонад. Мас., сфарелит (ZnS) дар кони Кончоч бо ду генератсия (марҳала) алоқаи пайдоиш дорад. Мармарит (ZnS-1) минерали сиёҳтоби ҷигарранг буда, дар таркибаш оҳан дорад, дар умқи зиёд ва ҳарорати миёна пайдо мешавад. Клеёфан (ZnS-2) бо таъсири шароитҳои физикию кимиёӣ, ҳарорат ва таркиби маҳлулҳои минералпайдокунанда тағйир ёфта, генератсияи нави минералҳоро ҳосил мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]