Генри Бессемер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Генри Бессемер
англ. Henry Bessemer‎
Таърихи таваллуд 19 январ 1813(1813-01-19)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 март 1898(1898-03-15)[1][2][3][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ metallurgy[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Генри Бессемер (19 январ 1813[1][2][3][…], Charlton[d], Ҳартфордшир15 март 1898[1][2][3][…], Лондон[4]) — ихтироъкори англис, узви Анҷумани салтанатии Лондон (1879).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падари Бессемер ҳуруфрез буда, таҷҳизоти зиёди механикӣ ихтироъ кардааст. Бессемер таҳти таъсири падараш аз хурдӣ ба механика ва филиззкорӣ шавқи калон пайдо карда, дар тӯли ҳаёташ зиёда аз 100 ихтироот дар соҳаҳои гуногуни техника дорад. Бессемер аз ҷумла қолаби сӯзандор барои қайди маркаҳо ва мошинаи ҳуруфрезӣ (1838), мошинаи манганакунии найшакар (1849), насоси марказгурези обкашӣ (1850) ва ғ-ро ихтироъ кардааст. Корҳо оид ба беҳсозии хосиятҳои тири вазнини тӯп ӯро ба фикри тарзи мукаммали ҳосил намудани пӯлод барои мили тӯпҳо овард (1854). Худи ҳамон сол Бессемер патенти ихтирои тӯпи автоматии бо об хунукшавандаро гирифт. Соли 1856 ӯ патенти ихтироотро барои табдили чӯяни моеъ ба пӯлод бо усули боддиҳӣ бе сарфи сӯзишворӣ соҳиб шуд, ки он ба раванди бессемеронии чӯян асос шуд. Соли 1860 Бессемер барои ихтирооти кӯчаи пӯлодгудозии (конвертор) чархзананда бо тарзи боддиҳӣ аз таг ва қисми тир (цапфа) патент гирифт, ки сохти он то замони мо боқӣ мондааст. Ӯ, инчунин, фикри истеҳсоли прокат аз филиззи моеъро, ки байни навардҳои чархзананда гузашта, бо об сард карда мешавад, пешниҳод кардааст. Бессемер яке аз асосгузорони Институти чӯян ва пӯлод буда, соли 1873 медали тилои Бессемерро барои хидматҳои шоён дар истеҳсоли филиз зоти сиёҳ таъсис дод. Бессемер солҳои охири умраш ба сохтани телескоп-рефлекторҳо машғул буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]