Геоантиклинал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геоантиклинал (аз гео ва антиклинал) — қитъаи бардошташудаи қишри Замин дар ҳудуди ноҳияи геосинклинал, ки даҳҳо км бар ва садҳо км дарозӣ дорад.

Геоантиклинал дар давоми чандин давраи геологӣ ба вуҷуд меояд ва дар марҳалаи охирини инкишофи геосинклинал ба маркази кӯҳҳои чиндор табдил меёбад. Мисоли Геоантиклинали замони муосир галаҷазираи Курил ва Г.-и қадими Помири Ҷанубу Ғарбӣ мебошад.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]