География (Страбон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

«География» (юн.-қад. Γεογραφικά)-и Страбон дар 17 китоб — асари машҳури ҷуғрофиёдон ва таърихнигори Юнони Қадим Страбон, ки онро тақрибан соли 7 м таълиф намудааст.

«География» мувофиқи маъхазҳои юнонӣ, аз 17 китоб иборат буда, муаллиф бар асоси санаду далелҳои ҷуғрофиёӣ мавқеи ҷойгиршавии кишварҳову вилоятҳо, мардуму халқиятҳои сокини он, масофаву масоҳат, шароити табиӣ, иқлиму боду ҳаво ва ғ.-ро дар он сабт кардааст. Ду китоби аввали «География» моҳияти назариявию ҷуғрофиёи ҳандасӣ дошта, китобҳои 3-6 ба мамлакатҳои Испания, Галлия, Британия, Итолиё ва Ситсилия, китобҳои 7-10 ба Аврупои Шимолӣ ва Шарқӣ, нимҷазираи Балкан ва Юнон, китобҳои 11-14 ба кишварҳои шимолӣ ва шарқии назди баҳри Сиёҳ ва Осиёи Хурд, китобҳои 15-17 ба Ҳиндустон, Байнаннаҳрайн, Арабистон ва Миср бахшида шудаанд. Нусхаи комили «География»-и Страбон боқӣ намондааст ва шакли нисбатан мукаммалтари он соли 1472 ба лотинӣ тарҷумаву нашр гардида, нусхаи юнонии он соли 1516 ба табъ расидааст. Страбон барои гирдоварӣ ва нигориши маводди илмии «География» бештари умрашро сарф карда, баробари саёҳату сафари Юнон, Итолиё, Осиёи Хурд, Миср ва ғ. боз аз соли 44 то м. аз маъхазҳои китобхонаҳои калонтарини Рум, Китобхонаи Искандарияи Миср ва асарҳои Эратосфен, Гиппарх, Артемидор, Полибий, Мегасфен, Неарх, Онесикрит истифода намудааст. Страбон дар «География» тарҳи то аҳди эллинизм маъмули Замин (Ойкумена)-ро аз нигоҳи дастовардҳои минбаъдаи ҷуғрофиёӣ такмилу ислоҳ намуда, маълумоти собиқаи ҷуғрофиёиву таърихиро зимни дастовардҳои навтарин ва андозаву ҳисобҳои ҳандасӣ ба тартиб даровардааст. «География», асосан, моҳияти таҳқиқию муқоисавӣ дошта, аз рӯйи услуб ба асарҳои Полибий, Диодори Ситсилиягӣ ва Дионисийи Ҳаллиқарнасӣ шабоҳат дорад. Мувофиқи ҳадафи муаллиф, «География» ҳамчун дастурамали дақиқи мардумшиносӣ ва роҳнамои ҷуғрофиёию таърихӣ таълиф шудаст. Дар «География» ҳамчунин ҷуғрофиёи таърихии баъзе мулкҳои давлати Селевкиёну Ашкониён, Порт ва минтақаҳои Қафқоз, Босфор, Осиёи Миёна, Ҳиндустон, инчунин Осиёи Хурд ва Миср таҷассум ёфтааст. «География» арзиши бузурги илмӣ дошта, моҳиятан ҷуғрофиёи таърихиро фаро мегирад, ки дар бораи Бохтару Ҳинд ва халқиятҳои сокини он маълумоти нодир дорад. Мас., Страбон дар «География» аз ҷиҳати этникӣ халқияти эронинажод будани бохтариҳоро зикр намуда, таъкид менамояд, ки порсҳо, мидиҳо, бохтариҳо ва суғдиён аз ҷиҳати забон бо ҳам хеле наздиканд. «География»-и Страбон дар аҳди кашфиётҳои бузурги ҷуғрофиёӣ (асрҳои 15-16) барои тасвири харитаи мукаммали Замин истифода шудааст.

Нигаред низ[вироиш]

  • Страбон.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Страбон. География /Тарҷума ва тасҳеҳи Г. А. Стратановский, М., 1994;
  • Пьянков И. В. Средняя Азия в античной географической традиции. М., 1997;
  • Фрай Ричард. Наследие Центральной Азии. Д., 2000.

Сарчашма[вироиш]