Jump to content

Георгий Бабакин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Георгий Бабакин
Таърихи таваллуд 31 октябр (13 ноябр) 1914
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 август 1971(1971-08-03)[1] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кайҳоннавардӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Мукофоти ленинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Георгий Бабакин (Бабакин Георгий Николаевич; 31 октябр [13 ноябр] 1914, Маскав[1]3 август 1971[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — муҳандис ва конструктори шӯравӣ, дар соҳаи техникаи кайҳонӣ фаъолият кардааст, узви вобастаи АИ ИҶШС (1970). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин маълумоти касбиро дар курсҳои Наркомати алоқаи ИҶШС гирифтааст. Хатмкардаи Институти алоқаи электромеханикӣ (ғоибона, 1957). Солҳои 1943-49 мудири озмоишгоҳ, сардори Бюрои конструкторӣ (БК) ва сарконструктори Институти илмии автоматика. Аз соли. 1949 дар коркарди силсилаҳои автоматии идоракунии техникаи ҳавопаймоӣ ва кайҳонӣ, аз соли 1952 дар Бюрои Лавочкин дар соҳаи мушакҳои болдори байниқитъавии «Буря» ва маҷмӯи самтураъсӣ (зенитӣ) ва мушакии В-300 кор кардааст. Аз соли. 1965 сарконструктори БК оид ба техникаи кайҳонӣ буд. С. Королев ба Бабакин сарварии корҳои анҷомдиҳии таҳқиқот ва сохтани зондҳо (кураҳои обуҳавосанҷӣ)-и Моҳ ва байнисайёравиро супурд. Таҳти роҳбарии Бабакин истгоҳҳои худкор ва дастгоҳҳои кайҳонӣ барои таҳқиқи Моҳ (аз ҷумла «Луноход-1»), Зуҳра («Венера-4») ва Миррих («Марс-2», «Марс-3») сохта шудаанд, дастгоҳи «Луна-9» ба Моҳ ва нахустин кураҳои обуҳавосанҷии «Венера-4» ба атмосфераи Зуҳра фиристода шуданд. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1966). Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Ба ифтихори Бабакин танӯраҳои Моҳ ва Миррих номгузорӣ шудаанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Бабакин Георгий Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.