Георгий Бобоев
Георгий Юнусович Бобоев | |
Таърихи таваллуд | 25 август 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Георгий Юнусович Бобоев (25 августи 1948, Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (1976), дотсент (1978).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1966—1970 донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1971—1975 аспиранти Институти кристаллографияи АИ ИҶШС, 1975—1976 ассистент, 1976—1978 муаллими калон, 1978—1989 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, 1990—1992 дотсенти кафедраи физикаи эксперементалии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд.
Доир ба масъалаҳои нейронографикии феррошинели бисёркомпонента ва дигар паҳлӯҳои соҳаи кристаллография корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст. Зиёда аз 28 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр кардааст. Бо раҳматномаҳои раёсати донишкадаи омӯзгорӣ сарфароз шудааст. Тоҷикистонро тарк намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 август
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ