Герай

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Герай
HeraiosKoshanou.jpg
Таваллуд асри I
Даргузашт 30
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Герай — яке аз нахустин намояндаи сулолаи Кушониён, ки барои муттаҳидсозии қабилаҳои кушонӣ ва бунёди давлаташон дар Бохтар саҳм гузошт.

Ба андешаи таърихнигорони маъруф Б. Ғафуров, Е. А. Давидович, Б. Я. Ставиский, Г. А. Пугаченкова ба маснади ҳукуматдорӣ нишастани Г. тахминан ба асри 1 то м. ва ибтидои асри 1 м рост меояд. Дар фасли 118-и солномаи «Хоу-ханшу» («Таърихи хонадони сағири Хан») омадааст, ки юеҷиҳо мамлакатро ба панҷ ябғу тақсим карданд ва баъди сад сол ябғуи Гуйшуан — (Кушони)-ҳо Киосзюкю (Куҷула Кадфиз) чор мулкро тасхир намуд ва худро подшоҳи Гуйшуан (Кушон) хонд. Г. эҳтимол аз рӯи насаб падар ё бобои Куҷула Кадфиз буда, нахустин тангаҳои аҳди Кушониёнро зарб задааст. Дар ин тангаҳо тасвири аз миён болои Г. бо пешонабанди подшоҳӣ (диадема), мӯи сари дарозу мавҷдор андаруни доира сабт шудааст. Дар пушти сари Г. илоҳаи зафар — Ника дар парвоз аст. Дар атрофи танга бо забон ва хатти юнонӣ ибораи чор калимадор — якум «ҳоким» («тиран»), дуввум «Герай», севвум «кушон» ва чорум «санаб» омадааст, ки ба ақидаи Е. А. Давидович бояд чунин хонда шавад: «Ҳоким Герай кушони санаб». Ин тангаҳо аз рӯи услуби сикказанӣ ба тангаҳои Евкратид — подшоҳи Юнону Бохтар шабоҳат доранд. Чор тангаи нуқрагини Г.-ро бостоншинос Б. А. Литвинский аз димнаҳои Теппаи Шоҳ, як тангаро аз димнаи Кайқубодшоҳи Тоҷикистон ва як тангаро аз харобаҳои Тирмиз пайдо кардааст. Дар маҷмӯъ 36 сиккаи нуқрагину мисини Г. аз ҳудудҳои ҷануби Тоҷикистони, водии Сурхондарёи Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, Покистон ёфт шудаанд. Ба қавли сиккашинос А. Н. Зограф, тангаҳои Г. дар Бохтари Шимолӣ зарб зада шудаанд. Г. А. Пугаченкова ҳангоми ҳафриёти Холчаён ороишоти арақаи баландиаш 2 м-ро дарёфт намуд, ки дар он шоҳу намояндагони сулолаи Кушониён муҷассам шуда, симои яке аз онҳо ба тасвири тангаи Г. шабоҳат дорад. Дар асоси ин бозёфтҳо Г. А. Пугаченкова ҳудуди миёнаоби Сурхондарёро қаламрави Г. мешуморад, ки димнаи Холчаён қароргоҳи шоҳ будааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Пугаченкова Г. А. Скульптура Халчаяна. М., 1971;
  • Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. М., 1977;
  • Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. Д., 1996;
  • Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 2. Д., 2009.

Сарчашма[вироиш]