Герасимов, Сергей Василевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Герасимов, Сергей Василевич
Суратҳо
Таърихи таваллуд: 26 август 1885(1885-08-26)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 апрел 1964(1964-04-20)[2][3][4][…] (78 сол)
Маҳалли даргузашт:
Мамлакат:
Жанр: чеҳранигорӣ[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Серге́й Васи́левич Гера́симов (14 (26) сентябр 1885, Можайск, губернияи Маскав, Русияи подшоҳӣ — 20 апрели 1964, Маскав, ИҶШС) — рассоми рус, Рассоми халқии ИҶШС (1958), доктори илмҳои санъатшиносӣ, узви ҳақиқии АР ИҶШС (1947).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи марказии рассомӣ — саноатии Строганов (1907) ва Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (1912). Сергей Герасимов дар оғози кор рангҳои обиро бештар истифода мебурд, рангҳои мутафовити латиф низ хосси тасвирҳои ӯ буданд. Дар манзараҳои кашидааш меҳру муҳаббати самимии ӯ ба табиати кишвараш зоҳир мешавад («Сармо гузашт», 1945; «Саҳаргоҳи баҳорӣ», 1953; «Манзараҳои Можайск», 1950 ва ғайра). Дар радифи манзараҳо Сергей Герасимов портретҳо, тасвирҳое аз рӯзгори мардум, зиндагии мардуми рустову музофоту шаҳрҳо мекашид, ки бештар ба ҳаёти кишоварзон бахшида шудаанд. («Ҷанговар», 1926; «Дар Волохов. Моҳигирон», 1928-30; «Посбони колхоз», 1933; «Ҷашни колхозӣ», 1937 ва ғайра). Тасвири «Модари партизан» (1943-50) дар боби муборизаи мардуми шӯравӣ алайҳи ишғолгарони фашистӣ ҳикоят мекунад. Дар миёни корҳои графикии ӯ мусаввараи ба достони «Киро дар Руссия зиндагӣ хуш аст»-и Н. А. Некрасов (1933-36), романи «Кори Артамоновҳо»-и М. Горкий (1939-54) кашидааш маъруфият доранд. Дар чандин мактаби ҳунарии Маскав (1912-64) омӯзгорӣ низ кардааст. Солҳои 1958-64 котиби аввали раёсати Иттиҳоди рассомони ИҶШС буд.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1966, пас аз маргаш).

Осор[вироиш]

  • Об искусстве; Сб. статей. М., 1973.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Грасимов С. В. К. 100 летию дня рождения (каталог). Л., 1986;
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

Сарчашма[вироиш]