Jump to content

Гилканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гилканд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Тагоба
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 458 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Гилканддеҳа дар ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт. Аз Гилканд то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 458 нафар (2017), тоҷикон.

Нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона ва масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Навобод ва деҳаи Зарифӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Гилканд ва деҳаи Тагоба обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гилканд хоҷагиҳои хурди деҳқонии Мирзо Амин, Шамсиддин, Умаралӣ ва Нисо мавҷуданд.

Дар маркази деҳа мақбараи Эшони Саидзода (аз авлоди Имом Раббонӣ) воқеъ буда, зиёратгоҳи мардум аст.