Jump to content

Гинекомастия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гинекомастия
МКБ-10 N6262.
МКБ-9 611.1611.1
DiseasesDB 19601
MedlinePlus 003165
eMedicine med/934 
MeSH D006177

Гинекомасти́я (аз юн. γῠνή — зан ва μαστόςсина) — калон шудани ғадуди синаи мардҳо.

Гинекомастия дар натиҷаи рушди бофтаҳои ғадуди шир падид омада, ду навъ дорад: физиологӣ ва патологӣ. Гинекомастия и физиологӣ дар давраи балоғат мушоҳида мешавад. Гинекомастияи патологӣ дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи эстроген ба вуҷуд меояд. Гинекомастия дар ҳама синну сол пайдо мешавад. Сабаби он бемориҳои тухмдон, мас., гипоплазия, крипторхизм, нақси хоя (бинобар осеб, омос), иллати вазнини ҷигару гурда, баъзан бемории ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои болои гурда, амрози хромосомӣ, суистеъмоли доруҳои эстрогенӣ мебошанд. Гинекомастия дар як ё ҳар ду ғадуди шир ба вуҷуд меояд.

Гинекомастияи патологӣ ду навъ аст:

  • пароканда
  • гиреҳовар

Ҳангоми гинекомастияи пароканда ғадуди шир сахту дардманд мешавад; гинекомастияи гиреҳовар, маъмулан, дар як тараф пайдо гашта, мисли тухм ва бедард аст. Гинекомастия дурӯғин низ мешавад. Сабаби он ҷамъ шудани чарбу дар ғадуди шир аст. Гинекомастияи гиреҳоварро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Муолиҷаи гинекомастияи физиологӣ зарурат надорад.

  • Улумбеков Э. Г., Челышева Ю. А. Гистология. М., 2001;
  • Нейштадт Э. А., Воробьева О. А. Патология молочной железы. СПб., 2003.