Гиристани муғон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гиристани муғон» (форсӣ: گرستن مغان‎), навҳаи муғон — аз сурудҳои бостонии мавсимию маросимии тоҷикон, ки барои маросимҳои мардумӣ тасниф шуда, мардуми Бухоро онро дар рӯзи ёдбуди Сиёвуш иҷро менамуданд. Асоси ин сурудҳоро навҳаҳо ташкил мекарданд. Муаррих Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» менигорад, ки «мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳост, чунонки дар ҳамаи вилоёт маъруф аст ва мутрибон онро суруд сохтаанду мегӯянд ва қавволон онро „Гиристани муғон“ хонанд ва ин сухани зиёда аз се ҳазор сол аст». Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин истилоҳ бо ибораи «Хурӯши муғон» омадааст:

Зани чангзан чанг дар бар гирифт,
Нахустин «Хурӯши муғон» дар гирифт.

Гиристани муғон, гӯшаи тараннумӣ дар таркиби пардаи «Мухолиф» (асрҳои 12-13, Мирсайидалии Ҷузҷонӣ, «Мақолиду-л-улум»), аммо дар асрҳои баъдӣ бо ин ном гӯшае вуҷуд надорад ва шояд он бо номи «Гиря» тағйир ёфта бошад. Имрӯз ин оҳанг («Гиря») яке аз таснифоти машҳур дар таркиботи мусиқии устодонаи тоҷикист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
  • Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 7. Д., 1989;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
  • Муҳаммади Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012
  • مهدئ برکشلی. شرح ردیف موشبقئ ایرتن. تهران، ١۳۴۶ هـ. ش.؛
  • رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی.١۸۹٧
  • محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١۳۴۶ هـ. ش.؛
  • ابومنصور ابن طاهر ابن زیله. کتابو الکافی الموسیقی. بغداد، ١۹۶۴؛
  • نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران.تهران٬ ١۳٧۶هـ. ش. ؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1 ، تهران، ١۳۸١ هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]