Гиронисанҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гиронисанҷӣ (форсӣ: گرانی‌سنجی‎), гравиме́трия (аз лот. gravis — «вазн» ва юн. μετρέω — «чен мекунам») — фасли геофизика буда, андозагирии бузургиҳоеро, ки майдони ҷозибаи Заминро муайян мекунанд, меомӯзад.

Майдони ҷозибаи Замин — майдони қуввагӣ буда, дар натиҷаи кашиши Замин ва қувваи марказгурез, ки бинобар гардиши шаборӯзии Замин ба вуҷуд меояд, пайдо мешавад. Вай, инчунин, ба кашиши Моҳ, Офтоб, дигар ҷирмҳои осмонӣ ва массаи атмосфераи Замин вобаста мебошад. Майдони ҷозиба хосияти тақсимоти массаҳоро дар қаъри Замин инъикос карда, ба шакли он вобастагии зич дорад. Дар натиҷаи ин маълумотҳои гиронисанҷӣ барои омӯзиши шакли Замин ва хосиятҳои физикии он (зичӣ, чандирият, часпакӣ), ҳамоҳангсозии ҳаракати мушакҳо ва радифҳо истифода мешаванд. Усули вобастагии майдони ҷозиба ба тақсимоти массаҳо ба усулҳои геофизикии омӯзиши сохти дарунии сайёра усули иловагӣ маҳсуб меёбад.

Андозагирии аномалияҳо (тағйирот)-и ҷозибавӣ, ки дар натиҷаи ғайриякҷинса будани зичии қишрҳои умқии Замин ба вуҷуд меоянд, дар физикаи Замин васеъ истифода мегарданд. Бо ёрии гиронисанҷӣ дар ҷисми Замин мадду ҷазр ва ҳодисаҳои марбут ба тағйирёбии мавқеи меҳвари он омӯхта мешаванд. Грависанҷиҳои фавқуддақиқ тағйири майдони ҷозибаро дар фосилаи муайяни вақт, ки дар натиҷаи гардиши номунтазами Замин ба вуҷуд омадаанд, муайян мекунанд. Маълумотҳои гиронисанҷӣ аз иттилооти муҳим доир ба баландиҳои нуқтаи сатҳи Замин иборат буда, робитаи зичи онро бо топография ва геодезия нишон медиҳад. 1 мм тағйир ёфтани баландии маҳал чунон тағйирёбии бузургии қувваи вазниниро ба вуҷуд меорад, ки онро фақат бо ёрии афзори фавқуддақиқ чен кардан мумкин аст. Ин ҳолат барои омӯзиши раванди ташаккули кӯҳ, лағзиши қитъаҳо ва дигар ҳодисаҳое, ки бо тағйирёбии асрии шакли сатҳи Замин вобастаанд, имкон медиҳад.

Парвози радифони маснӯи Замин ва ба вуҷуд омадани имкониятҳои нави таҳқиқи майдони ҷозиба доираи масъалаҳои таҳқиқшавандаи назарияи шакли Заминро васеъ кард. Мушоҳидаҳои ҷойивазкунии ҷисмҳои сунъии кайҳонӣ, ки дар майдони ҷозиба ҳаракат мекунанд, барои дақиқ муайян намудани потенсиал (имкониятҳо)-и ҷозибавии Замин имкон медиҳанд. Бо ёрии алтиметрияи мушакӣ ва геодезияи физикӣ тамсилаи фавқуддақиқи сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ сохта шуда, тамоюли он аз сатҳи геоид муайян карда шуд. Дар натиҷа дар геодезия самти нав — геодезияи кайҳонӣ ба вуҷуд омад. Омӯзиши ошӯби асрии координатаҳои мадории радифони маснӯи Замин саҳеҳии муайянкунии бузургии фишуриши шакли Заминро хеле афзуд ва барои инкишофи геодезияи кайҳонии амалӣ замина гузошта, истифодаи радифони маснӯи Замин, инчунин имкониятҳои гиронисанҷиро барои омӯзиши дигар ҷирмҳои Манзумаи Офтоб васеъ намуд. Дар натиҷаи таҳқиқоти кайҳонӣ дар бораи майдони ҷозибаи Моҳ, Миррих, Зуҳал, Зуҳра ва Уторид маълумоти муҳим дастрас гардиданд. Бузургии майдони ҷозиба бо қувваи вазнинӣ — қуввае, ки бо он ҷисмҳо ба Замин ҷазб (кашида) мегарданд, тавсиф дода мешавад. Усулҳои андозагирии қувваи вазнинӣ ё шитоби афтиши озод ба ҳодисаҳои физикие такя мекунанд, ки ба зуҳуроти қонуни умумиҷаҳонии ҷозиба, мас., афтиши озоди ҷисмҳо дар майдони қувваи вазнинӣ вобастаанд. Усулҳои андозагирии қувваи вазнинӣ ба динамикӣ ва статикӣ ҷудо мешаванд. Усули андозагирии бузургии пурраи қувваи вазнинӣ мутлақ, бузургии ченшуда бузургии мутлақи қувваи вазнинӣ дар нуқтаи андозагирӣ номида мешаванд. Дар амалия, асосан, афзоиши қувваи вазниниро ҳангоми ҷойивазкунии ҷисм аз як нуқта ба нуқтаи дигар чен мекунанд. Чунин усули андозагирӣ нисбӣ ном дорад. Барои андозагирии нисбии қувваи вазнинӣ асбобҳои махсус-гравиметрҳоро истифода мекунанд. Бузургии қувваи вазниниро бо галҳо (мухтасар аз номи олими итолиёӣ Галилео Галилей, ки бори нахуст ақида дар бораи ба массаи ҷисм вобаста набудани шитоби афтиши озодро баён кардааст) чен мекунанд. 1гал=1см/c2

Фасли илмию амалии гиронисанҷи ихтилофи грависанҷӣ (гравииктишоф) — усули геофизикаи иктишофӣ буда, ба андозагирии майдони ҷозибаи аномалии Замин такя мекунад. Иктишофи грависанҷӣ барои омӯзиши сохти геологии қишри Замин истифода мегардад. Соли 2002 баъди ба кор оғоз кардани барномаи радифии QRACE бори нахуст андозагирии тағйироти майдони ҷозибаи Замин дар миқёси минтақавӣ имконпазир гардид. Тавассути ин андозагириҳо оид ба равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим иттилооти иловагӣ дастрас шуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]