Глиссандо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Глиссандо

Глисса́ндо (итол. glissando аз фр. glisser — лағжидан) — услуби махсуси навохтани сози мусиқӣ.

Ҳангоми навохтан дар чанги амудӣ (арфа) ё созҳои камонӣ глиссандоро бо лағжонидани ангуштон дар рӯйи тор (байни фосилаҳо) ба ҷо меоранд. Дар фортепиано глиссандоро бо нохун ё ду — се ангушт тавассути лағжонидан ба болои клавишҳои сафед (диатоникӣ) ҳосил менамоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]