Говкафтар
| Говкафтар | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Говкафтар, кафтари кӯҳӣ, кафтари ҷангалӣ (лот. Columba palumbus) — бузургтарин навъи кафтарҳои ёбоӣ.
Дар қисмати шимолу шарқии Африқо, Аврупо, Сибири Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ дучор меояд. Дарозии танаш 40-45 см, вазнаш 400—900 г. Рангаш кабуди хокистарӣ; гардану болҳояш холҳои сафед доранд. Чашмонаш зард, нӯлаш сурхи зардтоб, қафаси сина ва панҷааш гулобӣ. Думаш рост ё гирда, аз поин хатти сафеди амудӣ (тарвоза) дорад, ки ҳангоми парвоз аён мегардад. Дар Тоҷикистон парандаи мавсимӣ буда, дар ҷангалзору боғҳо вомехӯрад. Моҳҳои март — апрел парида омада, охири сентябр парида меравад. Зимистонро дар Аврупои Ҷанубӣ, Паси Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, баъзан дар ҷануби Фаластин ва Ҳиндустон мегузаронад. Говкафтар дар шоху навдаи дарахтон лона мегузорад, баъзан дар лонаи тарккардаи санҷоб, зоғ, акка ва боз ҷо мегирад. Соле то ду маротиба (моҳи май) 1-2 дона тухм мегузорад. Баъди 18 шаборӯз аз тухм чӯҷаҳо мебароянд. Ҳафтаи аввал чӯҷаҳо аз равғани ҷиғилдони модарашон ғизо мегиранд. Баъди 20 рӯз чӯҷаҳо парвозӣ шуда, мустақилона ғизо меёбанд. Говкафтар бештар тухми рустаниҳои гуногун, мева ва ғайраро мехӯрад. Гӯшташ лазиз аст. Онро баъзан шикор мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Птицы. Т. 19. Ч. 1-3. Л., 1977;
- Э. И. Гаврилов. Фауна и распространение птиц Казахстана. Алмааты, 1999;
- Рябцев В. К. Птицы Урала, Приуралья и Западной Сибири. Екатеринбург, 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Говкафтар / А. Саидов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.