Гонгилонемоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гонгилонемоз (аз лот. gongylos — лӯнда ва nema — ресмон) — касалии ҳелминтозии ҳайвонот, парандагон ва одам. Ангезандааш нематодаи Congylonema pylchrum; дар сурхрӯда, баъзан меъда ва гулӯ зиндагӣ мекунад. Дар кишварҳои иқлимашон гарм ва муътадил паҳн гардидааст. Дарозии наринааш 14-25 мм, модинааш 37-50 мм. Дар бадани ҳомил — нонхӯракҳо ва гамбусакҳо инкишоф меёбад. Тухми гонгилонемаҳо, ки кирминаи ташаккулёфта дорад, тавассути наҷосат ба муҳит хориҷ мешавад. Тухмро нонхӯрак ва гамбускҳо фурӯ бурда, ба инкишофи минбаъдаи он мусоидат мекунанд. Баъди нобуд гардидани ҳомил кирминаҳо аз ҷисми он хориҷ мешаванд. Ҷонварон асосан ҳангоми бо хӯрок фурӯ бурдани гамбускҳо ё кирминаи гонгилонема сироят меёбанд. Ба Г. бештар ҳайвоноти хонагӣ, хосса чорвои калон ва гӯсфандон гирифтор мешаванд. Ҳангоми Г.-и музмин луобпардаи сурхрӯда сахту хокистарранг гашта, гулӯи ҳайвон хориш пайдо мекунад; моли касал наметавонад хӯрокро фурӯ барад, аз ғизо рӯ метобад, баъзан мефавтад. Ташхису муолиҷа ва пешгирии Г. алҳол маълум нест. Одам аз ангезандаи Г. дар ҳолати нохост фурӯ бурдани ҳашарот ё ошомидани оби кӯлу ҳавзҳо сироят меёбад. Г.-и одам асосан дар Амрикои Ҷанубӣ, Хитой, баъзе кишварҳои Аврупо ба мушоҳида мерасад. Давраи ниҳонии беморӣ маълум нест. Дарди даҳон (стоматит), илтиҳоби луобпардаи ҳалқ (фарингит), хунолудии оби даҳон, дилбеҳузурӣ ва қай аломатҳои Г.-и одам мебошанд. Бо мақсади пешгирии Г. оби ҳавзу кӯлҳоро ҷӯшонида истеъмол кардан лозим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]