Григорий Айзикович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Григорий Айзикович Юревич)
Григорий Айзикович
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1917(1917-11-07)
Зодгоҳ Свердловск
Таърихи даргузашт 15 август 1986(1986-08-15) (68 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кор ва дастовардҳо
Ҷоизаҳо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Григорий Айзикович Юревич (7 ноябри соли 1917, шаҳри Свердловск15 августи соли 1986, Душанбе) — меъмор, Меъмори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети меъморию сохтмони Институти политехникии шаҳри Тошканд (1948). Дар муассисаҳои лоиҳакашии Тошканд (1948 – 1951) ва Ленинград (1951 – 1956) кор кардааст. Солҳои 1956 – 1968 сармеъмори лоиҳаҳо ва мудири шуъбаи лоиҳакашии таҷрибавӣ, 1968 – 1978 сармеъмор ва сармутахассиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» буд. Дар факултети меъмории Институти политехникии Тоҷикистон дарс додааст (1962 – 1978). Айзикович дар равнақи санъати меъмории муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Лоиҳаи чандин бинои маъмурию маданӣ ва истиқоматии шаҳри Душанбе ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Меҳмонхонаи «Пойтахт» (1963 – 1965), бинои нави ДДОТ (1975), «Хонаи дӯстии Халқҳо» (1975) аз ҷумлаи онҳоанд. Дар тарбияи меъморониҷавони тоҷик хидмати арзанда намудааст.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Ситораи Сурх» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]