Грюндерӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Грюндерӣ (олм. grunder — муассис, асосгузор) — таъсиси корхонаҳо ва ширкатҳои саҳомии ғаразнок дар саноат, сохтмон ва тиҷорат, бонкҳо, ширкатҳои бима (суғуртавӣ) ва қарздиҳӣ. Ин гуна корхонаву ширкатҳо аз тарафи ҳаннотон бо мақсади найрангу фиреб созмон дода мешаванд. Солҳои 1868-1873 дар Русия 301 ва солҳои 1869-1870 дар Британияи Кабир дар 4241 ширкати саҳомӣ ташкил шуда буд. Дар охирҳои солҳои 80 асри 20 он дар кишварҳои муштаракулманофеъ, хусусан дар Федератсияи Русия ба як падидаи хос мубаддал гашт. Он бештар дар шакли ҳирами молӣ ва ширкатҳои якрӯза густариш ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли «муҳрабозӣ» зуҳур намуда буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]