Гуам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гуам
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-ch" does not exist.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Stand Ye Guamanians[d]
13°30′00″ а. шим. 144°48′00″ т. ш.HGЯO
Кишвар ИМА
Маркази маъмурӣ Хагатна
Роҳбар Lou Leon Guerrero[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1898
Масоҳат
  • 544 км²
Вақти минтақавӣ UTC+10:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 US-GU
Домени интернет .gu
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
Гуам дар харита
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Flag of Guam.svg

Гуам, Ҳудуди Гуам англ. Territory of Guam, чаморро Guåhån) — ҷазира, сарзамини ИМА дар шимоли ғарбии уқёнуси Ором (Микронезия). Онро аз ғарб баҳри Филиппин, аз шарқ-уқёнуси Ором иҳота кардааст. Ҷазираи Гуам чандин ҷазираи хурд (Кокос ва ғ.)-ро дар бар мегирад. Дарозии хатти соҳилиаш 125 км. Масоҳати умумиаш 541 км2. Аҳолиаш 180,9 ҳазор нафар (2014), аз ҷумла беш аз 6 ҳазор хидматчии ҳарбии ИМА. Маркази маъмуриаш ш. Хагатна (собиқ Аганя). Иди миллӣ — Рӯзи кашфи Гуам (ҳафтаи аввали март). Воҳиди пул — доллари ИМА.

Сохтори давлатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуам мақоми мулки ҳамроҳнашавандаи ИМА-ро дорад. Сарвари давлат — президенти ИМА. Сардори ҳокимияти иҷроия — губернатор (аз тарафи аҳолӣ ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад). Шаҳрвандони ИМА — сокини ҷазира дар интихоботи федералӣ иштирок карда наметавонанд. Мақоми қонунгузор — Маҷлиси якпалатагии қонунбарор, ки аз 15 сенатор иборат аст (аз тарафи аҳолӣ дар ҳар 2 сол интихоб мешаванд). Дар Конгресси ИМА 1 намоянда дорад.

Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуам дар силсилаи ҷазираҳои Мариан ҷанубтарин ҷазира мебошад. Аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ 48 км тӯл кашидааст, бараш 15 км. Қисми шимолии ҷазира паст (баландиаш то 250 м буда, аз оҳаксангҳои марҷонӣ таркиб ёфтааст, қисми ҷанубии нисбатан баланди Гуам (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Ламлам, 405 м) аз вулкан пайдо шудааст ва водии амиқи дарёӣ бо шаршараҳо мебошад. Хатти соҳилиашро дар ғарб халиҷҳои Апра, Тумон, дар шарқ халиҷҳои Паго, Илиг, Талафофо, Агфаян бурида мегузаранд. Дар қисми шарқии ҷазира амиқтарин пастии уқёнуси Олам — Мариан (умқаш 11022 м) ҷойгир аст. Зуд-зуд заминҷунбӣ рух медиҳад. Иқлимаш тропикӣ, муссонӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи январ +26, июл+27°С. Боришоти солона 3000 мм. Мавсими хушкӣ аз январ то апрел давом мекунад. Зуд-зуд тӯфон мешавад (баъзан суръати шамол то 146 км соат мерасад), боронҳои шадид меборанд. Дар ҷазира якчанд дарёи хурд мавҷуд аст, ки аз теппаҳои қисми ҷанубӣ ҷорӣ мешаванд. Дар Гуам шаршараи Талафофо (дар ҷанубу шарқ) мавҷуд аст. Дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шарқии кӯҳҳо бешаҳои сернами тропикӣ, дар шимол гиёҳҳои хӯшадори хушкитобовар мерӯянд. Морҳои дарахтӣ, ки солҳои 1950 аз ҷазираҳои Соломон оварда шудаанд, қариб тамоми парандаҳоро нобуд кардаанд. Барои ҳифзи олами ҳайвонот панҷ мамнуъгоҳ (калонтаринаш — Сати-Пойнт, масоҳаташ 304 га) ташкил карда шудаанд.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии таҳҷоиаш чаморро, инчунин амрикоиҳо, испаниҳо, филиппиниҳо, намояндагони дигар мамлакатҳои Осиё. Забони расмӣ — англисӣ. Аҳолии таҳҷоӣ ба забони чаморро, инчунин филиппинӣ ва дигар забонҳо гап мезананд. 85%-и аҳолӣ пайравони дини католикианд. Афзоиши миёнаи аҳолӣ 1,3 % (2014). Таваллуд — 18,1 %0, фавт — 4,6 %, фавти кӯдакон 6,68 нафар ба 1000 навзод. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 78,76 (мардҳо — 75,69, занҳо — 82,01) сол. Шаҳрҳо: Тамунинг, Мангилао, Иго, Хагатна. 64%-и аҳолӣ дар соҳаи хидматрасонӣ, 26 % дар соҳаи кишоварзӣ, 10 % дар саноат кор мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷазираҳои Мариан (аз ҷумла Гуам) тақр. 1500 сол то м. қабилаҳои чаморро маскун шудаанд. Ҷазираро соли 1521 Ф. Магеллан кашф кард ва онро Гуам номид. Соли 1668 дар ш. Аганя (Хагатна) намояндагии (миссия) калисои католикӣ кушода шуд ва баъди он Гуам мулки Испониё гардид. Соли 1890 аҳолии бумӣ ‒ чаморро 95 % кам шуд ва ҳамагӣ 5 ҳазор нафарро ташкил дод. Баъди ҷанги Амрикову Испониё (1898) Гуам ба ИМА дода шуд. Солҳои 1941-62 рафтуомади шаҳрвандон ба Гуам манъ карда шуд. Солҳои 1941-44 Гуам-ро низомиёни Ҷопон забт намуда, ҳамаи аҳолии чамороро ба соҳилҳои шарқӣ кӯчониданд. Июл-августи 1944 дар Гуам задухӯрди шадид ба амал омад ва ҷазираро амрикоиҳо озод карданд. Он ба пойгоҳи стратегии қувваҳои мусаллаҳи ИМА барои ҳамла ба Ҷопон ва баъд ба қалъаи низомӣ табдил ёфт. Дар соҳили ғарбӣ (дар халиҷи Апра) пойгоҳи ҳарбии баҳрии Амрико ва дар қисмати шимолии ҷазира пойгоҳи ҳарбии ҳавоии Андерсон ташкил карда шуд. Ин пойгоҳҳо ҳангоми ҷанг бо Корея ва Вйетнам истифода гардиданд. Аз соли 1962 Гуам барои рафтуомад кушода шуд, вале пойгоҳҳои ҳарбии он мисли пешина барои ИМА пойгоҳҳои муҳимми стратегӣ боқӣ мемонанд. Солҳои 2007-08 гарнизони ҳарбии Амрико аз ҷазираҳои Окинава (Ҷопон) ба Гуам интиқол дода шуд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси иқтисодиёти Гуамро соҳаи хидматрасонӣ ба пойгоҳҳои флоти ҳарбии баҳрӣ ва ҳавоии ИМА ва НАСА (Оҷонси таҳқиқоти фазои кайҳон), инчунин саёҳати хориҷӣ ташкил медиҳад. ММД — 2,5 млрд доллари ИМА. Дар сохтори ММД ҳиссаи соҳаи хидматрасонӣ 78 %, саноат 15 %, кишоварзӣ 7 % аст. Хазинаи федералии ИМА ҳар сол барои Гуам трансфетҳои пулӣ ҷудо мекунад. Дар Гуам корхонаҳои таъмири таҷҳизот, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, либос мавҷуданд. Сабзавот, меваҷот, норҷил, қаҳва, найшакар парвариш мекунанд. Моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. 5 фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии «Гуам» (дар наздики осоишгоҳи Тамунинг) дорад. Парвозҳои мустақим ба Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско, Гонолулу, Манила, Сеул, Токио сурат мегиранд. Ягона бандари уқёнусӣ дар халиҷи Апра. Тӯли роҳҳои автомобилгард 977 км. Молҳои асосии содиротӣ — масолеҳи бинокорӣ, моҳӣ; воридотӣ — нафт ва маҳсулоти нафтӣ, хӯрокворӣ. Содиркунандагони асосӣ — Ҷопон, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ; воридкунандагони асосӣ — Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонконг Сайёҳӣ инкишоф ёфтааст.

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

99 дарсади аҳолии аз 15-сола боло саводноканд. Дар соҳаи маориф 35 мактаб (ибтидоӣ, миёна ва олӣ) фаъолият доранд. Дар 20 коллеҷи касбӣ-техникӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, маркетинг, электроника, бинокорӣ, тандурустӣ ва ғ. тайёр карда мешаванд. Маълумоти олиро Донишгоҳи Гуам дар Хагатна таъмин мекунад.

ВАО[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Гуам 5 рӯзнома ва маҷалла нашр мешавад. Ҳафтавори «Pacific dail news» дар Хагатна чоп мешавад. 13 пойгоҳи радиошунавонӣ ва 5 шабакаи телевизион амал мекунанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]