Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гуланор Атобек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гуланор Атобек
Таърихи таваллуд 10 августи 1981
Зодгоҳ Хоруғ, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ Тоҷикистон
Самти фаъолият аудитор, бонкдор

Гуланор Атобек — аудитор, бонкдори тоҷик, раиси Алиф Бонк дар Тоҷикистон.[1][2]

Гуланор Атобек 10 августи соли 1981 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ кӯдакиашро дар Душанбе гузаронда, мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ хатм кардааст.[1][3] Як сол дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил карда, сипас ба Бишкек рафтааст ва дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дараҷаи бакалавр дар риштаи менеҷмент ва дараҷаи магистри идоракунии соҳибкориро (MBA) гирифтааст.[1][4][5]

Соҳаи аудит

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуланор Атобек тақрибан 18 сол дар ширкати байналмилалии аудитории Делойт кор кардааст; таҷрибаи умумии ӯ дар соҳаи аудит дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар манбаъҳо 18–20 сол зикр шудааст.[5][1][3] Аз соли аввали фаъолият дар аудити бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ иштирок доштааст.[5]

Аз соли 2008 то моҳи августи соли 2021 роҳбари дафтари Делойт дар Тоҷикистон буд.[5][6]

Гуланор Атобек дорои тахассус ва иҷозатномаҳои зерини касбӣ мебошад:[7][5]

  • муҳосиби сертификатсияшудаи ИМА (US CPA);
  • узви Ассотсиатсияи муҳосибони сертификатсияшуда (FCCA);
  • муҳосиби байналмилалии сертификатсияшуда (CIPA);
  • аттестати тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани аудит;
  • сертификати тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон барои аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ.

Тӯли 12 сол узви Шӯрои директорони Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон (AmCham Tajikistan) буд, ки аз ин муддат чор сол раиси Шӯрои директорон буд.[5]

Моҳи октябри соли 2021 Гуланор Атобек ба Алиф Бонк ҳамчун директори молиявӣ ба кор омад. Аз январ то октябри соли 2022 муовини аввали раиси бонк буд ва моҳи ноябри соли 2022 бо қарори Шӯрои нозирон ба вазифаи раиси бонк тасдиқ шуд.[5] Дар бораи таъйинот ҳаммуассиси Алиф Абдулло Курбанов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.[1][8]

Ба ҳолати соли 2026 Гуланор Атобек вазифаи раиси Алиф Бонкро ба ӯҳда дорад.[2]

Соли 2025 бо нишони «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.[9]

  1. 1 2 3 4 5 ДВАДЦАТЬ ЛЕТ В СФЕРЕ АУДИТА. Назначен новый руководитель «Алиф Банка»(рус.). НИАТ «Ховар» (2 ноябри 2022). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  2. 1 2 Руководство Алиф Банка — правление и совет директоров(рус.). «Алиф Бонк». 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  3. 1 2 Роҳбари нави «Алиф Бонк». Гуланор Атобек кист?(тоҷ.). Pressa.tj (3 ноябри 2022). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  4. ↑ Валамат-Заде, Алина. Как студентка с Памира стала лидером крупнейшего банка. Гуланор Атобек о любви к своему делу(рус.). «Азия-Плюс» (4 Декабри 2025). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  5. 1 2 3 4 5 6 7 Куда будет расширяться Алиф Банк и как изменится кадровая политика с приходом Гуланор Атобек(рус.). TopTJ.com (3 ноябри 2022). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  6. ↑ Аудитор — доктор для бизнеса(рус.). «Азия-Плюс» (17 августи 2018). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  7. ↑ Гуланор Атобек. Генеральный директор «Делойт» в Таджикистане(рус.). Deloitte. 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  8. ↑ Назначен новый руководитель Алиф Банка(рус.). «Вечёрка» (2 ноябри 2022). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.
  9. ↑ Атобек, Гуланор. Матолиби шахсь дар бораи сарфароз гардонидан бо нишони «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»(тоҷ.). Facebook (03-09-2026). 3 сентябри 2026 санҷида шуд.