Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулбек Саодатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулбек Саодатов
Таърихи таваллуд 10 июн 1938(1938-06-10)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 март 2018(2018-03-28) (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) навозанда, оҳангсоз
Ҷоизаҳо

Гулбек Саодатов (10 июни 1938, деҳаи Мун, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ — 28 марти 2018, Душанбе) — навозанда ва оҳангсози тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо (1966) хатм кардааст. Солҳои 1955—1961 дар ансамбли тарона ва рақси «Помир», 1961—1975 ба сифати навозанда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст, аз соли 1975 мутриби дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд.

Баробари мутрибӣ дар ҳайати навозандагон оҳангҳои зиёд бар ашъори шоирони классику муосири тоҷик, аз мероси халқӣ офаридааст, ки овозхонони касбию ҳаваскор иҷро менамоянд, навоҳои рақсӣ низ зиёд эҷод кардааст. «Файзи саҳар», «Нозанин ёрам», «Гирён макун маро», «Ошиқам», «Гулдаста», «Рақси ёр», «Масти ноз», «Нози ёр», «Баҳорон», «Дилбарҷон», «Аз Бадахшон оӣ», «Ҳамдами хубон», «Зебо», «Нолаи сетор», «Хуршеди дил», «Дуои сабз», «Шабнам», «Гул», «Ту ҳам медонӣ», «Баҳория», «Оби ҷӯ меравад», «Гулбонги бомдод», «Гавҳари ишқ», «Мавҷи дарё», «Вафодорӣ», «Ҷониби ман боз биё», «Давлати висол», «Мутриби хушнаво» аз зумраи беҳтарин оҳангҳояш ба шумор мераванд. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба бисёр давлатҳои хориҷӣ сафар намудааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Гулбек Саодатовшаби 28 марти соли 2018 дар 80-солагӣ даргузашт ва дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд[1].

  • Гулбонги навбаҳор, Д., 2011 (ҳаммуалиф).
  1. Гулбек Саодатов дар "Сари Осиё" ба хок супурда шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (30 марти 2018). 7 августи 2025 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.